ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом хатарҳо ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ дар Федератсияи Русия вуҷуд доранд?

Май 8, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, мерасонад, ки онҳо аз анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ ва интиқоли маблағҳо ба кортҳои шахсони сеюм ё ташкилоти давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд. Зеро барои чунин амалҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, аз интиқоли маблағ ба кортҳои бонкие, ки аз ҷониби гурӯҳҳои номаълум бо баҳонаи ҷамъоварии кумак ба зарардидагон ё дигар намудҳои дастгирӣ пешниҳод мешаванд, худдорӣ кардан зарур мебошад.

Намояндагӣ ҳамчунин ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Федератсияи Русия як қатор ташкилоту гурӯҳҳо ба рӯйхати ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва агентҳои хориҷӣ шомил карда шудаанд. Дар робита ба ин, интиқоли маблағ ё расонидани ҳар гуна кумак ба чунин сохторҳо метавонад боиси ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани шаҳрванд гардад. Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки худ ва наздиконашонро аз амалҳои ғайриқонунӣ эмин нигоҳ доранд.

Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ё мушкилот шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқии ройгон ба намояндагӣ бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки вобаста ба масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, аз ҷумла бақайдгирии онҳо дар давлати иқомат ва дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷониби намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 8, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд