Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Май 29, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Иброз гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Русия ба ҳисоб меравад. Он инчунин барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад.

Ҳайати меҳмонони Федератсияи Русия инчунин Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро тамошо намуданд.  Меҳмонон бо санъати миллии меъмории тоҷик- кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ, ки дар 5 толори намоишӣ ба таври васеъ истифода гардидаанд, шинос шуда, ба ҳунари волои ҳунармандону устоҳои чирадасти Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Қалъаи Хуҷанд аз маконҳое ба ҳисоб меравад, ки таърихи беш аз 3- ҳазорсола дорад. Ҳамасола барои тамошои ин маҷмааи аз лиҳози меъморӣ беназир теъдоди зиёди сайёҳони хорҷӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд меоянд.

27 май ҳайати ҳунарии Рӯзҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо толорҳои намоишӣ шинос шуд. Ба онҳо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, бозёфтҳои нодир, расму анъана, ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ва шоҳкориҳои ниёгони тоҷикон муаррифӣ карда шуданд.

Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон  Сатториён бо Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобили судманду фарҳангии ду давлати дӯст -Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбад.

26 май дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардиданд. Дар маросими ифтитоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саттороён, Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ намоиши мусаввараҳои рассомони Федератсияи Русия ташкил гардида, дӯстдорони фарҳанг ва санъат тавонистанд бо намунаҳои тозаи эҷодиёти рассомони рус аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова бо роҳбарият ва кормандони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский вохӯрӣ намуд.

Иброз гардид, ки  рисолати театр дар ҳар давру замон аз тарғиби ахлоқи ҳамида ва некию нексириштӣ дар ниҳоди насли одамӣ иборат будааст. Театр мактаби бузург аст, ки дар он инсон тарбия меёбад ва ба камол мерасад. Санъати театрӣ ба одамон таъсири мусбат расонида, ба ташаккули афкори маънавии онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон намоишгоҳи омодакардаи Осорхонаи миллии Тотористон ба маърази тамошо гузошта шуд, ки боиси таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон гардид,

Намоишгоҳи аксҳо ва як силсила дарсҳои интерактивӣ меҳмононро бо мероси ғании Қазон, шаҳре, ки дорои унвони фахрии «Пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2026» мебошад, шиносо карданд. Созмондиҳандагон саъй карданд, ки табиати гуногунҷанбаи пойтахти Тотористонро намоиш диҳанд: аз меъмории бостонии Кремли Қазон ва масҷиди Кул Шариф то фазои созандаи муосир ва марказҳои таълимии исломӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Дар баробари намоиши аксҳо семинарҳои амалӣ баргузор шуданд, ки дар он метавон ҳунарҳои мардумӣ — масалан, хаттотӣ, мозаикаи чармӣ ё расмкашии сафолиро бо тарҳҳои миллӣ омӯхт.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад