Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Чолпон-Ота маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Рӯзҳои фарҳанг ба рӯйдоди муҳим дар рушди ҳамкории гуманитарии Тоҷикистону Қирғизистон табдил ёфта, ба мардуми ҳарду мамлакат имконият фароҳам меоваранд, то бо мероси ғании таърихию фарҳангии ҳамдигар аз наздик шинос шаванд.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар пояи робитаҳои бисёрсолаи таърихӣ бунёд ёфтаанд, имрӯз бо шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои сарони ду давлат пайваста таҳким меёбанд. Ҳамзамон нақши муҳими фарҳанг дар таҳкими дӯстӣ, эҳтироми мутақобил, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумони ду давлат махсус таъкид шуд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ, намоиши филмҳои тоҷикӣ, мулоқотҳои илмӣ ва адабии намояндагони зиёиёни эҷодӣ ва илмии ду кишвар, инчунин дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни қадимии мардумони тоҷик ва қирғизро инъикос менамуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти чорабиниҳои фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва синамоӣ зоҳир карда шуд. Онҳо ба густариши робитаҳои гуманитарӣ, рушди муколамаи эҷодӣ ва шиносоии амиқтари мардумони ду кишвар бо мероси таърихию фарҳангии ҳамдигар мусоидат намуданд.
Ҳамчунин итминони мутақобил изҳор гардид, ки натиҷаҳои Рӯзҳои фарҳанг барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, эътимод ва ҳамсоягии нек байни Тоҷикистону Қирғизистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷом ҷониби Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Қирғизистон барои пазироии гарму самимӣ, меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳо дар доираи Рӯзҳои фарҳанг изҳори сипоси самимӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






