Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 21 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ ба шумор рафта, ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гуманитарӣ байни ду халқ равона шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд.
Барномаи чорабиниҳо намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат, адабиёт ва синаморо ба ҳам оварда, барои табодули фарҳангӣ ва муколамаи созандаи эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Барномаи фарҳангӣ 18 майи соли 2026, соати 10:00 ифтитоҳ ёфта, бо ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Турсунзода ва Айтматов: вассофони сулҳу дӯстӣ», ки дар Китобхонаи миллии ба номи А. Осмонов доир мегардад, оғоз хоҳад шуд. Дар доираи ин ҳамоиш иштирокчиён мероси адабии адибони барҷастаи ду кишвар, саҳми онҳо дар рушди арзишҳои инсондӯстӣ, инчунин нақши адабиётро дар таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва дӯстии халқҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Рӯйдоди марказии барнома маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд, ки 19 майи соли 2026, соати 18:30 дар Филармонияи миллии Қирғизистон ба номи Т. Сатилғанов дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад. Барои меҳмонон барномаи ғании консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик, гурӯҳҳои мусиқӣ ва рақсии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки мероси бойи фарҳангии тоҷиконро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин 19–20 майи соли 2026 дар Осорхонаи миллии санъати тасвирии Қирғизистон ба номи Ғ. Айтиев намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор мегардад. Ин намоишгоҳ меҳмононро бо анъанаҳо ва равияҳои муосири санъати тасвирии Тоҷикистон, ки рангорангии фарҳанги миллӣ, мероси бойи таърихӣ ва зебоии табиати мамлакатро инъикос менамоянд, шинос хоҳад кард.
Дар барномаи чорабиниҳо намоиши филмҳои бадеии тоҷикӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Намоиши филмҳо аз 18 то 20 майи соли 2026 дар кинотеатри «Ала-Тоо»-и шаҳри Бишкек баргузор мегардад. Тамошобинон имконият пайдо мекунанд, ки беҳтарин намунаҳои синамои муосири тоҷикро тамошо намуда, тавассути санъати кино бо фарҳанг, анъана ва зиндагии мардуми тоҷик аз наздик шинос гарданд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб рафта, инчунин барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад.
Маросими тантанавии ҷамъбасти Рӯзҳои фарҳанг 21 майи соли 2026, соати 18:00 дар маркази фарҳангии «Руҳ-Ордо» дар шаҳри Чолпон-Ота баргузор мегардад. Чорабинии хотимавӣ натиҷаҳои барномаи фарҳангиро ҷамъбаст намуда, рамзи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва талош барои рушди минбаъдаи шарикии фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон хоҳад гардид.
Ин чорабиниҳо бозгӯи талошҳои муштараки ҷонибҳо ба хотири таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ ва рушди шарикии мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон идомаи мантиқии татбиқи тавофуқҳое мебошад, ки зимни сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон 8 июли соли 2025 байни сарони ду давлат ба даст омада буданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд






