Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд

Май 18, 2026 20:30

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайати дипломатӣ, ходимони фарҳанг ва санъат, намояндагони ҷомеаи синамо, зиёиёни эҷодӣ ва илмии ду кишвар, инчунин тамошобинон ва дӯстдорони санъати кино иштирок намуданд.

Зимни маросим вазирони фарҳанги ду кишвар таъкид намуданд, ки баргузории Рӯзҳои кинои тоҷик ҷузъи муҳими ҳамкории фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шумор рафта, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ду халқи бародар мусоидат мекунад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки санъати кино дар рушди муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи махсус дошта, ташаббусҳои муштараки фарҳангӣ барои густариши робитаҳои гуманитарӣ байни ду давлат хизмат менамоянд.

Дар доираи Рӯзҳои кино дар кинотеатри «Ала-Тоо» намоиши филмҳои ҳунарии тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 18 май намоиши филми «Зиндагӣ зебост», 19 май — филми «Қисса дар бораи Рустам» ва 20 май — филми «Роҳи хашм» баргузор мегардад.

Май 18, 2026 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид