РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд

Май 28, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният, оромӣ ва суботи ҷомеа бо шуҷоату матонат садди роҳи ҳар гуна хатарҳо ва таҳдидҳои беруна мегарданд. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳифзи сарҳади давлатӣ моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ қарори дахлдор қабул гардид. Барои пешгирӣ аз убури гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир тавассути хати сарҳади давлатӣ зарурат ба миён омад, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шавад ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳамасола 28 май чун Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.

— Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз намудаанд, «марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад».

Қӯшунҳои сарҳадӣ яке аз дастовардҳои пурарзиштарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, барои барқарорсозии сохти конститутсионии давлат, таъмини сулҳу субот ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ хизмати шоён менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши муҳимми муҳофизони сарҳад дар таъмини сулҳу субот ва амнияти давлату миллат баҳои баланд дода, таъкид намудаанд, ки «неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли мамлакатамон мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъйинот, вазифа, сохтор, салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои санҷиш ва назорати фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ иборат аз ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ; таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд; иштирок дар ҳалли масъалаҳои мудофиа ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ; ёрирасонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, боигарии табиӣ ва муҳити зист дар хати сарҳадӣ мебошанд.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём ҳифзи сарзамини худро вазифаи муқаддас мешумориданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони ин миллат дар давраҳои гуногун барои ҳимояи марзу буми худ ҷоннисорӣ намудаанд, зеро маҳз ҳифзи Ватан омили асосии пойдории давлат ва бақои миллат ба ҳисоб меравад.

Таърихи халқи шарафманду сарбаланд ва бонангу номуси тоҷик пур аз мисолу намунаҳои ҷасорату матонат ва шуҷоату далерии фарзандони ватандӯсте мебошад, ки барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ хоки онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу эҳтиёт кардаанд. Даҳҳову садҳо нафар давоми давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон, ба монанди Куруши Кабир, Шерак, Спитамен, Яъқуби Лайс, Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик ва Восеъ барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд ва ҳомиёни ин марзу бум будаанд. Имрӯз низ сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ин анъанаи пуршарафи аҷдодиро идома дода, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар хати сарҳад хизмати содиқона анҷом медиҳанд.

Афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ буда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳораташонро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон равоан месозанд. Фаъолияти шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии сарбозони Ватан дар роҳи таҳкими суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат назаррас мебошад.

Бо назардошти хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то имрӯз садҳо нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардида, ҳамчунин барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ оилаҳои афсарони ҳалокгардида ва захмбардоштаи мақомоти сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.

Барои ҳифзи марзу буми Ватан, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи оромиву суботи мамлакат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди қочоқи силоҳу маводи мухаддир чандин нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои марзбонӣ ҷони худро аз даст доданд. Мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳамеша гиромӣ медорад.

Дастгирию ғамхориҳои   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беҳдошти шароити моддӣ-маишии афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ шаҳодати арҷгузорӣ ба ин неруи тавоно ва кафили суботу оромӣ дар мамлакат буда, дар ин давра дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад. Тавре ки Пешвои миллат изҳор доштаанд, «қӯшунҳои сарҳадии мо ҳоло ба  сохтори аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд ва яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд». Ҳайат ва сохтори қӯшунҳои сарҳадӣ ташаккули комил ёфта, бо беҳтарин шароити моддӣ, маишӣ, техникӣ ва муосиртарин силоҳу лавозимоти ҷангӣ таъмин шуданд, масъулият, рисолат ва вазифаҳои хизматиашон низ беш аз пеш шудааст.

Дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрию ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос иқдомҳое гирифта шуданд, ки дар таърихи кишварҳои навистиқлолёфта беназир аст. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ даҳҳо отрядҳои сарҳадӣ, отрядҳои таъйиноти махсус, марказҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис дода шуданд.

Сарҳад рукни арзишманди давлати комилҳуқуқ буда, дар баробари  Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад. Марзбонони тоҷик ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими суботу оромии сокинони мамлакат вазифаҳояшонро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона ва содиқона иҷро менамоянд.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 28, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад