РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 май масъулини соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон таҷрибаи хизмати давлатӣ ва идоракунии захираҳои инсонии Ҷумҳурии Беларусро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Омӯзиш бо мақсади рақамикунонии соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла такмили низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ, таҳияи низомҳои нав барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, муайян намудани сатҳи донишҳои касбӣ дар шакли электронӣ бо истифодаи усулҳои фосилавӣ (онлайн) гузаронида мешавад.
Зимни омӯзиш масъулон бо таъсис ва таҳияи низомҳои электронии идоракунии захираҳои инсонӣ, мутамарказгардонии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, шаклҳои омодасозӣ ва таҳсили фосилавии хизматчиёни давлатӣ дар вазорату идораҳои дахлдор шинос мегарданд.
Дар ҷараёни омӯзиш ҳамчунин мубодилаи таҷриба доир шуда, дастовардҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулони Ҷумҳурии Беларус омӯзонида мешаванд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






