Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд

Май 5, 2026 12:03

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони маҷмааи биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Муассисаи нақлиётии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фармоишгари иншоот Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб шуда, он дар масоҳати 1,56 гектар бунёд хоҳад ёфт.

Маҷмааи мазкур аз 3 бино иборат буда, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 5 ошёна бо таҳхона ва 45 утоқи корӣ, бинои муассисаи нақлиётии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз 5 ошёна бо таҳхона ва 42 утоқи корӣ иборат мебошанд.

Иншооти мазкур ҳамчунин дорои майдончаи тамрин, майдони варзишӣ, майдони сафороӣ, нуқтаи тақсими сӯзишворӣ, таваққуфгоҳи мошинҳо ва таввақуфгоҳи ҷаримавӣ мебошад.

Дар фарҷом Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонии иншооти бунёдшаванда ба кормандон ва масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 5, 2026 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд