Раиси Суди Олии Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд

Май 28, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода бо Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Герман Нурбаев баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Суди Олӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нақши Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун ниҳоди муҳими ҳамоҳангсозии ҳамкории судӣ-ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамсуҳбатон барои таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судӣ изҳори омодагӣ карданд.

Дар идома Герман Нурбаев бо судяҳои Суди Олӣ мулоқот анҷом дода, доир ба масъалаҳои мубрами амалияи судии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳҳои такмили фаъолияти судӣ ва аҳамияти рушди муколамаи мустақими касбӣ байни судяҳо табодули назар намуда, ба саволҳои судяҳо посухҳои мушаххас дод.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд