Раванди ислоҳоти низоми гумрукӣ ва татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи миссияи кумаки техникӣ оид ба ислоҳоти низоми андоз ва гумрук дар мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Ян Лёприк баррасӣ гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар самти ислоҳоти низоми гумрукӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва рушди иқтидори институтсионалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ислоҳоту навгониҳои дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 то имрӯз амалигардида маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки дар ин давра барои мутобиқсозии фаъолияти мақомоти гумрук ба талаботи муосир ва стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, рушди инфрасохтори гумрукӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият андешида шуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот барномаҳои миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2024 ва 2025–2029 баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки дар доираи ин барномаҳо татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз пешрафтҳои дар самти ислоҳот ва навсозии соҳа бадастомада истиқбол намуда, барои идомаи ҳамкории техникӣ ва дастгирии самтҳои афзалиятноки соҳа изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар самти татбиқи ислоҳоти минбаъдаи гумрук, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур шумориданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо барои идомаи мулоқоти минбаъда, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






