РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҷаласаи мавзуии «Об барои сайёра» баргузор шуд

Май 26, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷаласаи мавзуии «Об барои сайёра» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷаласа ба идораи устувори захираҳои об дар тамоми системаи гидрологӣ – аз пиряхҳо ва обҳои кӯҳҳо то дарёҳо, ботлоқзорҳо, обҳои зеризаминӣ ва экосистемаҳои баҳрӣ тамаркуз кард.

Дар рафти муҳокимаҳо иштирокчиён иброз доштанд, ки тағирёбии иқлим, таназзули муҳити зист, коҳиши пиряхҳо, бад шудани сифати об ва афзоиши фишорҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ барои амнияти ҷаҳонии об ва устувории системаҳои экологӣ хатарҳои ҷиддӣ доранд.

Таъкид гардид, ки системаи ба ҳам пайвастаи «пиряҳ ба баҳр» дар танзими иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои марбут ба об, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ ва таназзули замин нақши калидӣ дорад.

Иштирокчиён масъалаҳои идоракунии маҷмуии захираҳои об, татбиқи равишҳои экосистема, барқарорсозии экосистемаҳои табиӣ, беҳтар намудани мониторинги гидрологӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ ва ҳамкории байнисоҳаҳоро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи сармоягузорӣ ва механизмҳои маблағгузории иқлим барои дастгирии идоракунии устувори захираҳои об ва эҷоди устуворӣ ба таъсири тағирёбии иқлим дода шуд.

Дар ҷаласаи мавзуӣ намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаҳои илмӣ ва коршиносон, институтҳои молиявӣ ва ниҳодҳои идоракунии об иштирок намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд