РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба масъалаи маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи обрасонӣ ва санитария таваҷҷуҳи махсус дода мешавад

Май 5, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар чорабиниҳои канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи обрасонӣ ва санитария таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар ин ҷаласаҳо роҳҳои баланд бардоштани самаранокии сармоягузориҳо ва ба натиҷаҳои назаррас расидан, аз ҷумла беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба оби бехатар ва санитария муҳокима мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи обрасонӣ ва санитария шарти асосии расидан ба ҳадафҳо маҳсуб мешавад. Барои рушди инфрасохтор, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва мустаҳкам кардани иқтидори институтсионалӣ сармоягузориҳои назаррас ва дарозмуддат талаб карда мешаванд. Нақши махсусро дар ин раванд муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин механизмҳои маблағгузории иқлимӣ мебозанд, ки кишварҳоро тавассути қарзҳо, грантҳо ва кумаки техникӣ дастгирӣ мекунанд.

Таваҷҷуҳи алоҳида ба рушди шарикӣ байни бахши давлатӣ, сармоягузорони хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дода мешавад. Чунин шакли ҳамкорӣ имкон медиҳанд, ки на танҳо захираҳои иловагӣ сафарбар карда шаванд, балки сифати идоракунии лоиҳаҳо баланд бардошта, хатарҳо коҳиш дода шуда, устувории дарозмуддати онҳо таъмин карда шавад.

Мустаҳкам кардани механизми маблағгузорӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷониба дар ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои ҷаҳонии об омили муҳимтарин арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад.

Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд бо мақсади мусоидат ба пешрафт дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 эълон гардидааст, гузаронида мешавад.

АКС: Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028»

Май 5, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд