РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барномаи чорабинии байналмилалӣ аз кадом бахшҳо иборат хоҳад буд?
ДУШАНБЕ, 16.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи якуми Конфронси оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли равон дар пойтахти мамлакат баргузор мешавад, маъракаҳои пешазконфронсии чорабинии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ, ҳамзамон баргузории форумҳои дахлдор ва чорабиниҳои канорӣ, ки барои ҷалби шарикони байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти муколамаи васеъ фароҳам меоранд, ба нақша гирифта шудаанд. Чунин иброз дошт узви Котиботи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Рустам Абдуллоев ба АМИТ «Ховар».
«Тибқи сохтори барнома, шоми рӯзи чорабиниҳои пешазконфронсӣ барномаи фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд, ки ба густариши муколамаҳои ғайрирасмӣ ва муаррифии мероси ғании фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад», — афзуд Рустам Абдуллоев.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар рӯзи дуюм ифтитоҳи расмии конфронс бо иштироки намояндагони сатҳи олӣ, баргузории ҷаласаи якуми пленарӣ ва иҷлосияҳои мавзуӣ пешбинӣ шудаанд. Ҷаласаи пленарӣ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Рӯзномаи амали об ва пайвастагии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ба равандҳои конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2026 ва 2028 равона шудааст.
Ҳамзамон ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии конфронс дар назар аст. Иҷлосияҳои мавзуӣ, ки мутобиқи санади консептуалӣ комилан бо мутобиқат ба муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 таҳия гардидаанд, ба мавзуъҳои зерин бахшида шудаанд: «Об барои инсон», «Об барои шукуфоӣ», «Об барои сайёра», «Об барои ҳамкорӣ», «Об дар равандҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ, аз ҷумла Раванди оби Душанбе» ва «Сармоягузорӣ барои об».
Рӯзи сеюми Конфронси оби Душанбе аз қисми дуюми ҷаласаи пленарӣ ва 3 ҷаласаи мавзуӣ иборат аст, ки ба машваратҳои ғайрирасмӣ барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Тоҷикистон ва Нақши рӯзномаи об баъд аз Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор бахшида шудаанд.
Конфронси оби Душанбе бо ҷаласаи хотимавӣ, ки зимни он қабули Эъломия аз натиҷаи чорабинӣ пешбинӣ шудааст, анҷом ёфта, баъд аз он баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ба нақша гирифта шудааст.
Ниҳоят, чун анъана рӯзи чоруми Конфронси оби Душанбе ба ташвиқу тарғиби имконияти сайёҳӣ ва сармоягузории мамлакат бахшида шудааст. Дар ин рӯз ташкили хатсайрҳо ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумла сафарҳои омӯзишӣ оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об, инфрасохтори об ва механизмҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






