РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст

Май 18, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи анъанаи муқарраршуда, дар рӯзи охирини чорабинӣ барои иштирокчиён – меҳмони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сайругашт дар шаҳри Душанбе, дараҳои Ромиту Сиёма, Пойгоҳи варзишии лижаронии «Сафеддара», Қалъаи Ҳисор ташкил гардида, инчунин онҳо бо фаъолияти неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Роғун» шинос мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз котиботи конфронси мазкур иброз доштанд, конфронсҳои Раванди оби Душанбе на танҳо ба баррасии масъалаҳои мубрами захираҳои об, балки ба шинос кардани иштирокчиён бо мероси фарҳангӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ равона карда шудаанд. Дар доираи баргузории ин чорабиниҳо иштирокдорон имкон доранд, ки гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистонро тамошо намоянд.

Котиботи Конфронси чоруми оби Душанбе аллакай ҳама маълумоти заруриро дар бораи ҳар хатсайр, инчунин аксҳо аз мавзеъҳои мазкур дар торнамои конфронс ҷойгир намудааст, то иштирокчиён дилхоҳ хатсайрро интихоб карда, барои иштирок дар он номашонро сабт кунанд. Ин чорабиниҳои фарҳангӣ-сайёҳӣ ба меҳмонон имкон медиҳанд, ки гуногунии табиат ва анъанаҳои Тоҷикистонро воқеан эҳсос карда, маконҳои зебои ҷумҳуриро тамошо кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 май дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 18, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард