РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид

Май 15, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 май бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ҳамкорӣ бо дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Риёз  оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки баргузории он аз 25 то 28 майи соли 2026 дар  шаҳри Душанбе дар назар аст, чорабинии муштарак доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Арабистони Саудӣ, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Риёз, аз ҷумла роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об, намояндагони доираҳои  коршиносӣ ва воситаҳои ахбори оммаи саудӣ иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ аҳамияти Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028»-ро таъкид карда, «Раванди оби Душанбе»-ро ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои пешбурди муколама, ҳамкорӣ ва амал дар соҳаи мудирияти захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ташаббусҳои глобалии худ, бахусус дар доираи «Раванди оби Душанбе» давоми беш аз ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид  ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ва  молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои баррасии мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли он бо ҳам меорад.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Арабистони Саудӣ Муҳаммад Аз-Зарканӣ дар ин ҳамоиш аз нақши пешсафи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ситоиш намуда, саҳми кишварро дар тақвияти ҳамкории  байналмилалӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор муассир ва чашмрас арзёбӣ кард.

Муҳаммад Ал-Зарконӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон давоми беш аз ду даҳсолаи охир дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об дар доираи Созмони Милали Муттаҳид нақши фаъол ва созанда дорад. Мавсуф гуфт, ки баргузории мунтазами конфронсҳо ва ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар доираи «Раванди оби Душанбе» далели возеҳи пешбурди дипломатияи об арзёбӣ шуда, ба татбқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла Ҳадафи 6 нақши муассир мебозад. Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббусҳои ҷаҳонии арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди пиряхҳо ва криосфера, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ  мавриди истиқбол қарор гирифтаанд, махсусан ишора кард.

Ҳамчунин дар ҳамоиш роҳбари Созмони ҷаҳонии об доктор Фаҳд Балғунайм, намояндаи аршади Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Иброҳим Ҳилолӣ ва роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Арабистони Саудӣ Ноҳид Ҳусейн баромад карда, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар пешбурди ҳамкории глобалӣ дар соҳаи об баланд арзёбӣ намуданд. Дар ин росто, ба аҳаммияти идомаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ барои  татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва пешбурди масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни чорабинии муштарак раванди омодагӣ ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» муаррифӣ гардида, мавод ва наворҳо оид ба барнома, чорабиниҳои асосӣ ва канорӣ, инчунин дар бораи ҳадафҳо ва аҳамияти байналмилалии Конфронси дарпешистодаи Душанбе манзури ҳозирин карда шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Май 15, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд