РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сатҳи баланд дар мавзуи «Об барои инсонҳо» ҷаласаи канорӣ баргузор шуд

Май 26, 2026 16:25

ДУШАНБЕ, 26.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзуи «Об барои инсонҳо» ҷаласаи канорӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Гуфта шуд, ки гарчанде муколамаи интерактивӣ тамоми доираи масъалаҳои марбут ба рӯзномаи «Об барои инсонҳо»-ро фаро мегирад, ҷаласа дар асоси ду самти мукаммали татбиқ доир гардид. Инҳо таъмини муттасилии хизматрасониҳо дар шароити осебпазир ва буҳронӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои одилона ва устувор дар миқёси васеъ тавассути низомҳои маҳаллӣ мебошанд.

Ин ду панел дар маҷмуъ бозгӯи он аст, ки чӣ гуна принсипҳои умумии ҳуқуқи инсон, баробарӣ ва ҳисоботдиҳӣ метавонанд дар шароити гуногун — аз ҳолатҳои фавқулода то хизматрасонии дарозмуддат татбиқ гарданд ва мафҳуми умумии мавзуъро ба таври мушаххас ва амалӣ инъикос намоянд.

Дар ҷаласаи «Об барои инсонҳо» ва панелҳои он иштироки фаъол ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати нигоҳдории хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва санитарӣ дар шароити осебпазир ва буҳронӣ, инчунин таҳкими муттаасилӣ байни марҳилаҳои кумакҳои башардӯстона ва рушд равона гардид.

Ҷаласа ва панелҳои он намояндагони сохторҳои гуногуни институтсионалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид намуда, масъалаҳои нигоҳдорӣ ва эътимоднокии хизматрасониҳо дар муҳитҳои осебпазир, инчунин пайваст намудани тадбирҳои фаврӣ бо низомҳои устувори маҳаллӣ баррасӣ шуданд.

Меҳвари асосии панели дуюми ҷаласаи канорӣ хизматрасонии маҳаллӣ, баробарӣ дар шаҳрҳо ва маблағгузории «Об барои инсонҳо» ба таъмини натиҷаҳои одилона ва устувори хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва санитария дар сатҳи маҳалл тавассути маблағгузории самаранок, иқтидори институтсионалӣ ва ҳисоботдиҳӣ, бо таваҷҷуҳи махсус ба тандурустӣ ва сифати об равона карда шуд.

Инчунин дар ҷаласа ба масъалаҳои марбут ба уҳдадориҳои шаҳрҳо ва мақомоти маҳаллӣ дар самти натиҷаҳои одилона дар соҳаи об ва беҳдошт, тандурустӣ, устуворӣ ва дастрасӣ барои гурӯҳҳои осебпазир афзалият дода шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масълаҳои марбут ба хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шароити осебпазир, монеаҳои асосии сохторӣ ва амалиётӣ дар роҳи таъмини устувории ин хизматрасониҳо дар доираи ҳамгироии башардӯстона ва рушд, равишҳо барои пайваст намудани тадбирҳои фаврӣ бо низомҳои дарозмуддати маҳаллӣ, ки самаранок мебошанд, баррасӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд