РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои махсуси панелӣ, нишастҳои мавзӯӣ ва ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баргузор мешаванд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҷаласаи пленарӣ дар толори асосии «Кохи Сомон» таҳти ҳамраисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Тсзюнхуа доир мегардад.
Дар ҷараёни ҷаласа суханронии роҳбарони ҳайатҳо аз давлатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, инчунин коршиносон ва шарикони рушд дар назар аст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор равона мегардад.
Дар доираи барномаи конференсия инчунин муҳокимаҳои махсуси панелӣ вобаста ба натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи об, омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои оби соли 2028 ва ҳамчунин баррасии самтҳои минбаъдаи сиёсати ҷаҳонии об пас аз соли 2030 баргузор мешаванд.
Иштирокчиён масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии аҳолӣ ба захираҳои об ва беҳдошт, инчунин роҳҳои ноил гардидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувор дар соҳаи обро муҳокима менамоянд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои мавзӯӣ ҷаласаи ҷамъбастии конференсия баргузор гардида, аз натиҷаҳои он барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карда мешавад.
Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






