РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаи мавзуии «Об барои шукуфоӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар «Кохи Сомон» ҷаласаи мавзуии «Об барои шукуфоӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре иброз гардид, ҷаласаи мавзуӣ марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 буда, ба идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об, таҳкими амнияти об, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди иқтисоди устувори об тамаркуз карда шуд.
Пас аз муҳокимаҳо иштирокчиён аҳамияти таҳияи ҳалли амалӣ ва миқёспазири обро, ки ба таҳкими амнияти ҷаҳонии об ва омодагии бомуваффақият ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 равона шудаанд, таъкид карданд.
Ба тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, такмили механизмҳои идораи захираҳои об ва таъмини дастрасӣ ба қарорҳои муосири технологӣ барои ноил шудан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 27 май низ идома меёбад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин конфронсро тақрибан 400 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла зиёда аз 100 хабарнигори хориҷӣ аз агентӣ ва шабакаҳои пешбари ҷаҳонӣ инъикос мекунанд.
Барои намояндагони воситаҳои ахбори омма дар «Кохи Сомон» маркази матбуотии муосир бо тамоми шароити техникӣ ташкил карда шудааст.
Баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» бори дигар нақши рӯзафзуни Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди устувор таъкид мекунад.
Илова бар ин, ба ташкили чорабинӣ беш аз 150 волонтёр ҷалб гардидаанд, ки дар ҳамоҳангсозии ҳайатҳо, корҳои ташкилӣ ва хизматрасонӣ ба иштирокчиён мусоидат мекунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






