РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд

Май 27, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар маҷмааи «Кохи Сомон» нишасти махсуси панелӣ таҳти унвони «Давраи баъд аз соли 2030: самтҳои минбаъдаи амал. Ташаккули роҳи ояндаи рӯзномаи захираҳои об» баргузор гардид, иттилооъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Муҳокима ба яке аз майдонҳои муҳими коршиносии Раванди оби Душанбе табдил ёфта, намояндагони ҳукуматҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷавонон ва коршиносони соҳавиро барои баррасии меъмории ояндаи ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об баъд аз соли 2030 муттаҳид намуд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ Бонки рушди Осиё ва Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) буда, ҳамоҳангсозии онро механизми «UN-Water» — «Захираҳои оби СММ» ба уҳда дошт.

Ҳамраисии ҷаласаро муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Тсзюнхуа ва директори калони Раёсати захираҳои об ва рушди шаҳрии Бонки рушди Осиё Норио Сайто анҷом доданд.

Тавре зимни муҳокимаҳо таъкид гардид, бо наздик шудани муҳлати анҷоми татбиқи Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 ҷомеаи байналмилалӣ бо зарурати таҳияи равишҳои нави идоракунии захираҳои об рӯ ба рӯ мегардад. Бо вуҷуди такони назарраси сиёсӣ, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об ва Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2023 ба вуҷуд омадааст, пешрафт дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об, бахусус Ҳадафи №6, ҳанӯз нобаробар боқӣ мемонад.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, таназзули экосистемаҳо ва зиёдшавии фишор ба захираҳои об ташаккули сиёсати фарогир ва ҳамгирошудаи байналмилалиро дар бахши об тақозо менамояд.

Бо сухани асосӣ дар ҷаласа Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Непал дар СММ Лок Баҳодур Тҳапа баромад намуда, аҳамияти нигоҳ доштани таваҷҷуҳи сиёсӣ ба масъалаҳои об баъд аз соли 2030 ва таҳкими механизмҳои ҳамоҳангсозии байналмилалиро муҳим арзёбӣ кард.


Нишасти якуми панелӣ ба таҳлили таҷрибаи бадастомада ва ташаккули дидгоҳи ояндабинона нисбат ба рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 бахшида шуд. Дар муҳокима намояндагони Камбоҷа ва Малдив, Намояндаи доимии Сент-Винсент ва Гренадин дар СММ Виннетт А. Фредерик, мутахассиси асосии техникии СММ оид ба захираҳои об Федерико Проперси, ҳамоҳангсози таҳқиқот дар бахши гидроэнергетика ва зерсохтори об аз Иёлоти Муттаҳида Эрин Форакер ва корманди пешбари илмии Донишгоҳи Фрибург Томас Сакс иштирок намуданд.

Коршиносон зарурати ҳамгироии зичтари масъалаҳои обро бо рӯзномаҳои иқлим, энергетика, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист таъкид карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба устувории низомҳои обӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва таҳкими амнияти экологӣ равона гардид.

Дар қисми пленарӣ иштирокчиён доир ба дурнамои ислоҳи механизмҳои байналмилалии ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи захираҳои об, инчунин баланд бардоштани самаранокии ташаббусҳо ва барномаҳои ҷаҳонӣ табодули афкор намуданд.

Нишасти дуюми панелӣ ба такмили татбиқи рӯзномаи байналмилалии об то ва баъд аз соли 2030 бахшида шуд. Дар он мутахассиси калони захираҳои оби Бонки рушди Осиё Марван А.Ҳ. Ладки, намояндаи ташаббуси «Ҷавонони Осиёи Марказӣ барои об» Эмира Сейденалиева, намояндагони OPEC Fund ва директори Раёсати СММ оид ба ҳамкории Ҷануб–Ҷануб Дима Ал-Хатиб иштирок намуданд.

Дар маркази муҳокима масъалаҳои маблағгузории бахши об, тавсеаи сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, такмили низомҳои мониторинг ва идоракунии маълумот, инчунин таҳкими механизмҳои институтсионалии ҳамкории байналмилалӣ қарор доштанд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки захираҳои об бояд на танҳо ҳамчун масъалаи экологӣ, балки ҳамчун омили стратегии байнисоҳаӣ барои таъмини рушди устувор, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, суботи иҷтимоӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ шаванд.

Таваҷҷуҳи махсус ҳамчунин ба нақши ҷавонон, ҷомеаи илмӣ ва платформаҳои минтақавӣ дар ташаккули рӯзномаи нави ҷаҳонии об зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки маҳз равиши фарогир ва бисёрҷониба, ки дар доираи Раванди оби Душанбе пеш бурда мешавад, имкон медиҳад роҳҳалҳои амалӣ таҳия гардида, муколамаи байналмилалӣ таҳким ёбад.

Аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима иштирокчиён зарурати нигоҳ доштани сатҳи баланди ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи об ва идомаи омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2028 тасдиқ намуданд. Ин конференсия ҳамчун марҳилаи муҳими ташаккули сиёсати ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 арзёбӣ гардид.

 

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Таом ва хӯришҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи хайриявии Бишкек таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуданд
Дар Фестивали байналмилалии гастрономӣ дар Беларус 20 намуди таоми миллии тоҷикон пешниҳод гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд