РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чанд самти калидӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, мудирияти устувори захираҳои об, таъмин намудани дастрасии бехатар ба об ва санитария, таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба амнияти об, энергетика, кишоварзӣ ва хатарҳои селу ярч, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкорӣ ва дипломатияи об: истифодаи «Раванди оби Душанбе» барои ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳо пеш аз Конфронси оби СММ- 2026 ва ташаккули шарикӣ, уҳдадориҳои нав ва лоиҳаҳои муштарак дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об (Water Action Agenda), инчунин ҷалби бахши хусусӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон ва занон ба ҳалли мушкилоти об, аз ҷумла тавассути форумҳои махсус, ки ба сармоягузорӣ, инноватсия ва ҳалли иҷтимоию экологӣ бахшида мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иттилоъ медиҳад, дар ин чорабинии байналмилалӣ зиёда аз 2500 иштирокчӣ беш аз 100 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд намуд. Ин ҳамоиш сарони давлату ҳукуматҳо, вазирон ва дигар намояндагони сатҳи роҳбарият, инчунин сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусиро ҷамъ меорад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 май дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд






