РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, се санади муҳими ҷамъбастӣ, аз ҷумла Эъломияи Душанбе, Хулосаи ҳамраисони конфронс ва Саҳми Раванди оби Душанбе ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 қабул карда шаванд», — таъкид намуд муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода.
Ба иттилои Саноӣ Бойзода, ин санадҳо паёмҳои калидӣ, тавсияҳои стратегӣ ва иқдоми амалиро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об дар бар гирифта, барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии об заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Таъкид гардид, ки дар айни замон омодагӣ ба конфронс идома дошта, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори мамлакат корҳои зарурии ташкилӣ ва муҳтавоӣ дар сатҳи баланд амалӣ гардида истодаанд.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






