РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ иқтидори обию энергетикӣ ва шаҳсозии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Май 26, 2026 09:10

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар Намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Устувории захираҳои обӣ барои ҳалли мушкилоти иқлим», ки дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иқтидори обию энергетикӣ ва сайёҳию шаҳрсозии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Дар ин намоишгоҳ вазорату идораҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию пажӯҳишии мамлакат, инчунин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки самти фаъолияташон ба таъмини амнияти обию энергетикӣ, бунёди иншооти бузурги обию энергетикӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти обӣ нигаронида шудааст, дастовардҳои соҳаро ба намоиш гузоштанд.
Дар намоишгоҳ гӯшаи созмондодаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик» таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Душанберо ҷалб намуд.

Дар ин гӯша тарҳи иншооти бузурги гидроэнергетикӣ- неругоҳҳои барқи обӣ, обанборҳо, кӯлу дарёҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон, ки 60 фоизи захираи обҳои Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, хеле чашмрас буда, сарзамини обҳои тоза ва кишвари ташаббусҳои глобалӣ будани Тоҷикистонро дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо бори дигар ба ҷаҳониён, аз ҷумла иштирокдорони Конфронси 4-уми сатҳи баланди Душанбе муаррифӣ намуд.
Бояд гуфт, ки Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар доираи Раванди оби Душанбе доир шуда, намояндагони ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии об муттаҳид месозад.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 муҳимтарин масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ, муттаҳидсозӣ ва тақвияти ҳамкории кишварҳои ҷаҳон дар самти таъмини амнияти обию энергетикии сайёра дар раванди тағйирёбии иқлим баррасӣ гарданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд