РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Риёз нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 4 май Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти «Халиҷ» (GRC) дар Риёз нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд, дар чорабинӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Риёз, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, раванди оби Душанбе ва инчунин дар бораи омодагӣ ба Конфронси чоруми оби Душанбе маълумоти муфассал дод.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






