РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар ҳошияи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, чорабинӣ бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ташкил гардид.
Дар чорабинӣ Директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сухан гуфт.
Дар доираи татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2025–2034)» таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба криосфера дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ махсусан таъкид карда шуд.
Намояндагони сохторҳо ва ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ доир ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ибрози назар намуданд. Аз ҷумла изҳор карда шуд, ки ҳадафҳои Форум ба таҳкими ҳамкории илмии минтақавӣ дар самти мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии тағйироти пиряхҳо ва криосфера, рушди мубодилаи маълумот ва тадқиқоти муштарак, инчунин татбиқи натиҷаҳои амалӣ дар сиёсати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ, коҳиши хатари офатҳо ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ равона гардидааст.
Зимни баргузории форум дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ масъалаҳои таҳияи равишҳои илмӣ ва сиёсатҳои минтақавӣ дар мониторинги пиряхҳо ва идоракунии криосфера, васеъ намудани доираи ҳамкорӣ дар самтҳои мониторинги пиряхҳо, арзёбии вазъи криосфера, моделсозии пешгӯии тағйирёбии иқлим, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






