РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Машварати минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

Май 25, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» машварати минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) аз созмондиҳандагони машварати минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид буданд.

Дар машварат беш аз 100 намоянда аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуда, дурнамои минтақаро доир ба пешрафт, мушкилот ва афзалият дар самти расидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор — оби тоза ва беҳдошт тавассути муколамаи бисёрҷониба таъкид намуданд. Инчунин имконият тавассути истифодаи ҳамгироӣ дар соҳаи об ва тақвияти ҳамкории шарикии минтақавӣ барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафи 6-ум баррасӣ гардид.

Иштирокдорони машаварат мувофиқасозии мавқеи кишварҳои минтақа ва тақвияти саҳми онҳо дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳидро, ки моҳи декабри соли 2026 дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.

Дар машварат таъкид гардид, ки минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором кишварҳоеро дар бар мегирад, ки бо баъзе мушкилоти муҳимтарини марбут ба об дар ҷаҳон мувоҷеҳ мебошанд. Дар айни замон ин минтақа- Осиё ва Уқёнуси Ором ҳамчун платформа барои моделҳои гуногуни шарикӣ ва ҳамкорӣ хизмат намуда, дар ташаккули амалҳои ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад.

Натиҷаҳои машварат ба натиҷаҳои Конфронси 4-уми оби Душанбе ва ҳам Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки охири соли 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мегардад, мусоидат мекунанд.

Дар доираи машварат аз рӯи 6 самти асосӣ -об барои одамон, об барои шукуфоӣ, об барои сайёра, об барои ҳамкорӣ, об дар равандҳои бисёрҷониба ва сармоягузорӣ ба соҳаи об муколамаҳо доир гардиданд. Дар онҳо иштирокдорон аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором пешниҳодҳои ҷолиб ва судмандро дар самти тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об, сармоягузорӣ барои рушди соҳа ва дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, беҳдошт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи обрасонӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими соҳаи об баён карданд.

Дар машварат ҳамзамон пешниҳодҳои судманд оид ба баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки охири соли 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир мегардад, баён карда шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ