РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 25 майи соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» Фестивали об баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар макони баргузории фестивал аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, саноатӣ (кандакорӣ, заргарӣ, атлас, адрас, сабадбофӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, нақшдӯзӣ, муҳрабофӣ ва ғайра), инчунин намоиши таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ (меваҳои тару тоза ва хушк) ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин дар макони баргузории фестивал пешниҳоди барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Об-сарчашмаи ҳаёти башар» дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад.
Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд бо мақсади мусоидат ба пешрафт дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 эълон гардидааст, гузаронида мешавад.
Конфронс дар шакли ҳузурӣ баргузор шуда, равиши бисёрҷонибаро фаро мегирад ва барои иштирок дар он намояндагони баландпояи ҳукуматҳо ва давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳавзавии дарёву кӯлҳо, инчунин ташкилоти занон, ҷавонон ва кӯдакон даъват гардидаанд.
Иштирокдорони конфронси сатҳи баланд ба минтақаҳои Тоҷикистон сафар намуда, бо манзараҳои ҷолиби табиат, мавзеъҳои сайёҳию истироҳатӣ ва иқтидори обию энергетикии мамлакат шинос мешаванд. Ҳамзамон дар доираи конфронс намоишгоҳи мавзуӣ оид ба масъалаҳои об ташкил карда мешавад, ки дар он зарфияти обию энергетикии Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои обии ҷумҳурӣ дар самти рушди иқтисод муаррифӣ мегарданд. Ин чорабинӣ маротибаи дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати серобтарин ва дорои захираҳои бойи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишвари ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи марти соли равон сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид. Иштирокчиён метавонанд маълумоти муфассал оид ба барномаи конфронс, тартиби иштирок, мавзуъҳои муҳокимашаванда ва дигар иттилооти заруриро аз сомонаи расмӣ дастрас намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






