РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад

Май 10, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 10.05.2026. /АМИТ « Ховар»/. Аз 26 то 27 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Конфронси 4-уми сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Намоишгоҳ ҳамчун қисми Раванди оби Душанбе дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ташкил карда мешавад.

Муаррифии технологияҳои пешрафта, дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин дар идоракунии захираҳои об ва бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ мебошанд. Намоишгоҳ соҳаҳои калидӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ, об, санитария ва гигиена, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро фаро мегирад.

Котибот иттилоъ медиҳад, ки таваҷҷуҳи махсус ба роҳҳои ҳалли асосёфта ба далелҳо равона карда мешавад. Ин роҳҳо идоракунии обро беҳтар мекунанд, саломатии ҷомеа ва муҳити зистро ҳифз менамоянд, хатари офатҳоро коҳиш медиҳанд ва принсипҳои иқтисоди давриро бо назардошти баробарии гендерӣ ва фарогирии иҷтимоӣ таблиғ менамоянд.

Интизор меравад, ки ин намоишгоҳ ҳамчун платформаи муассир барои мубодилаи дониш, густариши муколамаи касбӣ ва рушди шарикӣ байни намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи илмӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат намояд.

Намоишгоҳ инчунин ба баланд бардоштани нуфуз ва аҳамияти лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муҳим, ки ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор -таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори об ва санитария барои ҳама мусоидат мекунанд, инчунин ба дастгирии рушди иқтидор, интиқоли технология ва сармоягузорӣ дар бахши об равона шудааст.

Дар маҷмуъ, намоишгоҳ барои мусоидат ба ташаккули платформаи муштараки байналмилалӣ ба хотири пешбурди роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, тақвияти ҳамкории байнисоҳавӣ ва ҷалби захираҳо барои таъмини устувории иқлим дар бахши об дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона шудааст.

АКС: Котиботи Конфронси 4-уми сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Май 10, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст