РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор мегардад. Он дар доираи Раванди оби Душанбе баргузор шуда, намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, марказҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои баррасии масъалаҳои калидии амнияти об ва устувории иқлим ҷамъ меорад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ ташкил карда мешавад. Баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ идомаи мантиқии ташаббусҳои пайгиронаи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дипломатияи об ва идоракунии устувори захираҳои обӣ мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо намудаанд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005–2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», инчунин эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қабул намуд. Ин ташаббусҳо нақши Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор таҳким бахшиданд.
Интизор меравад, ки конфронс ба минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, густариши ҳамкорӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешбурди иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи экосистемаҳои обӣ табдил ёбад.
Конфронс ҳамчун яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои оби соли 2026 ва идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои об арзёбӣ мегардад.
Дар кори конфронс намояндагони воломақоми давлатҳои хориҷӣ, вазирон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони муассисаҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои байналмилалии молиявӣ, коршиносон дар соҳаи экология, гидрология, энергетика, сиёсати иқлим ва рушди устувор иштирок менамоянд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», суръат бахшидан ба дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, пеш аз ҳама ҲРУ-6, инчунин масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирии буҳронҳои обӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ равона карда мешавад.
25 май: оғози форумҳо, майдонҳои коршиносӣ ва намоишгоҳи байналмилалӣ
Барномаи конфронс 25 май бо баргузории чорабиниҳои пеш аз конфронс, форумҳои минтақавию мавзуӣ, муколамаҳои коршиносӣ ва мулоқотҳои махсуси шарикони рушд оғоз мегардад.
Дар рӯзи аввал иштирокчиён масъалаҳои ҳамкории фаромарзии об, устувории иқлим, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии захираҳои обӣ, маблағгузории зерсохтори об, рушди гидроэнергетика ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои санитариро баррасӣ менамоянд.
Ҷаласаҳои алоҳида ба нақши ҷавонон, занон, ҷомеаи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди рӯзномаи об ва устувории экологӣ бахшида мешаванд.
Ҳамзамон бо оғози чорабиниҳои конфронсӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» Намоишгоҳи байналмилалии «Water Resilience for Climate Solutions» («Устувории об барои ҳалли иқлимӣ») ифтитоҳ мегардад. Дар намоишгоҳ давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои илмӣ ва ширкатҳо лоиҳаҳои инноватсионӣ, технологияҳо ва роҳҳалҳои амалиро дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ, гидроэнергетика, мутобиқшавӣ ба иқлим, экология, кишоварзӣ, санитария ва рақамикунонии бахши об муаррифӣ менамоянд.
Тибқи консепсияи расмии намоишгоҳ, ҳадафи он фароҳам овардани минбари байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, муаррифии навовариҳо, таҳкими шарикӣ ва пешбурди равишҳои устувори истифодаи захираҳои обӣ мебошад.
26 май: маросими ифтитоҳ ва ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд
26 май маросими расмии ифтитоҳи конфронс бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад.
Дар ин рӯз ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд доир шуда, иштирокчиён масъалаҳои зеринро баррасӣ мекунанд:
— тамоюлҳои глобалӣ дар соҳаи амнияти об;
— таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ;
— татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар доираи Рӯзномаи амалиёти обии СММ;
— таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ;
— маблағгузории устувори бахши об;
— ҳамгироии масъалаҳои об, энергетика, озуқаворӣ ва экология.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо зоҳир мегардад, ки солҳои охир ба яке аз мавзуъҳои меҳварии рӯзномаи байналмилалии экологӣ табдил ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги пиряхии Осиёи Марказӣ мебошад, ин самт аҳамияти стратегӣ дорад.
Ғайр аз ҷаласаҳои пленарӣ, дар доираи рӯзи дуюм панелҳои мавзуӣ ва муколамаҳои интерактивӣ оид ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди низомҳои гидрометеорологӣ, мониторинги рақамии захираҳои обӣ ва ҷорӣ намудани роҳҳалҳои инноватсионӣ баргузор мешаванд.
27 май: муколамаҳои мавзуӣ, ташаббусҳои шарикӣ ва таҳияи пешниҳодҳо
Кори конфронс бо силсилаи ҷаласаҳои махсуси мавзуӣ ва муколамаҳои байналмилалӣ идома меёбад.
Иштирокчиён механизмҳои амалии татбиқи ҲРУ-6, масъалаҳои ҷалби сармоя ба зерсохтори об, рушди механизмҳои байналмилалии маблағгузории иқлим ва дастгирии давлатҳои бештар осебпазир аз пайомадҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ менамоянд.
Дар меҳвари муҳокимаҳо инчунин масъалаҳои зерин қарор мегиранд:
— ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ;
— идоракунии устувори ҳавзаҳои дарёҳо;
— рушди энергетикаи «сабз»;
— таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ;
— табдили рақамии бахши об;
— густариши шарикии минтақавӣ.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаи муҳокимаҳои мавзуӣ пешниҳод ва тавсияҳо барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи байналмилалии об таҳия гардида, инчунин ташаббусҳои амалӣ дар доираи омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои оби соли 2026 пешниҳод шаванд.
Дар доираи конфронс инчунин мулоқотҳои дуҷониба, муаррифии лоиҳаҳои байналмилалӣ, имзои созишномаҳои шарикӣ ва чорабиниҳои махсуси созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ баргузор мегарданд.
28 май: сафарҳои шиносоӣ ва муаррифии иқтидори обии Тоҷикистон
Рӯзи ҷамъбастии форум ба сафарҳои шиносоӣ ва барномаҳои махсуси экскурсионӣ барои иштирокчиёни байналмилалӣ бахшида мешавад.
Ба меҳмонон таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии устувори захираҳои обӣ, рушди гидроэнергетика ва татбиқи ташаббусҳои экологӣ муаррифӣ мегардад. Иштирокчиён бо иншооти зерсохтори об, иқтидори табиӣ ва гидроэнергетикии мамлакат, инчунин мероси фарҳангиву таърихии шаҳри Душанбе шинос мешаванд.
Барномаи чорабиниҳои шиносоӣ ба муаррифии нақши Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои калидии минтақа дар пешбурди дипломатияи байналмилалии об ва рушди устувор равона гардидааст.
Солҳои охир Раванди оби Душанбе ба яке аз минбарҳои пешбари байналмилалӣ оид ба баррасии рӯзномаи ҷаҳонии об табдил ёфтааст. Маҳз ташаббусҳои Тоҷикистон ба қабули якчанд қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об, рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо мусоидат намуданд.
Баргузории конфронси навбатии сатҳи баланд дар Душанбе нақши рӯзафзуни мамлакатро дар пешбурди ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва иқлим тасдиқ намуда, мавқеи пойтахти Тоҷикистонро ҳамчун маркази муҳими муколамаи глобалии экологӣ ва обӣ таҳким мебахшад.
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд
Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода бо сафирони кишварҳои хориҷӣ доир гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
Шараф Шерализода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан






