РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷориро дар масъалаҳои об таҳким бахшида, ба хотири ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак барои расидан ба натиҷаҳои амалӣ заминаи мусоид муҳайё созад. Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бо мақсади тавсеаи ин талошҳо ва амалисозии онҳо имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуданд, ки солҳои охир Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳалли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам намудаанд.
«Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.
Барои бартараф кардани ин монеаҳо дар саросари ҷаҳон дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иқдомҳои назаррас ба роҳ монда мешаванд, ки бояд ягонагӣ ва ҳамкориро дар самти об тақвият бахшанд. Дар робита ба ин, мо ба талошҳои мутавозин, муассир ва фарогири манфиатҳои муштарак ниёз дорем»,-афзуданд Президенти Тоҷикистон.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






