РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ баргузор карда шуд, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки давоми чанд рӯз шаҳри Душанбе бори дигар ба майдони ҷаҳонӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими рӯзномаи обу иқлим, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди амалҳои муштарак дар самти идораи устувори захираҳои об табдил ёфт.
Бояд гуфт, ки барномаи Конфронс баргузории ҷаласаҳои пленарӣ, сессияҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои махсуси панелӣ, форумҳо, инчунин чорабиниҳои параллелӣ ва дигар вохӯриҳоро дар бар мегирифт, ки ба ҷанбаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонии об бахшида шуда буданд.
Иброз гардид, ки дар ҷараёни Конфронс таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва суръат бахшидан ба ноилшавӣ ба Ҳадафи 6-и рушди устувор дар заминаи омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2026 равона гардид. Дар маркази муҳокимаҳо масъалаҳои идораи устувор ва ҳамгироёнаи захираҳои об, таъмини дастрасӣ ба об ва санитария, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, минтақавӣ ва фаромарзӣ, инчунин густариши шарикӣ барои татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии об қарор доштанд.
«Конфронс ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ хидмат карда, идомаи натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023, раванди омодагӣ ба Конфронси соли 2026 ва баррасии натиҷаҳои Даҳсола дар соли 2028-ро таъмин намуд. Дар доираи ҷаласаҳои мавзуӣ ва муҳокимаҳои панелӣ иштирокчиён рафти иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, масъалаҳои маблағгузорӣ, татбиқи технологияҳо ва инноватсияҳо, инчунин робитаи рӯзномаи об бо иқлим, рушди устувор, экосистемаҳо ва равандҳои бисёрҷонибаи СММ-ро баррасӣ карданд», — иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотӣ.
Таваҷҷуҳи алоҳида ба пешбурди равишҳои фарогир ва густариши иштироки занон, ҷавонон, ҷомеаи илмӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар татбиқи рӯзномаи байналмилалии об дода шуд.
Инчунин таъкид гардид, ки форумҳои дар доираи Конфронс баргузоршуда, аз ҷумла Форуми ҷавонон, Форуми занон ва захираҳои об, Форуми бахши хусусӣ бо тамаркуз ба Африқо ва дигар чорабиниҳо, ба доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор имкон доданд, ки дар муҳокимаи роҳҳои суръатбахшии ноилшавӣ ба ҳадафҳои Даҳсолаи амал саҳм гузоранд.
«Яке аз унсурҳои муҳими Конфронс Намоишгоҳи махсус буд, ки дар он технологияҳои муосир, дастовардҳои илмӣ, ҳалли инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идоракунии захираҳои об ва ҳалли масъалаҳои об муаррифӣ гардиданд, — илова намуд Қоҳир Расулзода. — Мо бори дигар мутмаин гардидем, ки масъалаҳои захираҳои об мустақиман бо рушди устувор, рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии аҳолӣ вобастагии зич доранд».
Тазаккур дода шуд, ки Конфронс намояндагони баландпояи давлатҳои аъзои СММ, сохторҳои низоми СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, ҷавонон ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро муттаҳид намуд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки шумора ва сатҳи иштирокчиёни Конфронс — беш аз 2500 нафар, аз ҷумла 1100 нафар аз 110 кишвари ҷаҳон, 75 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои академӣ — бори дигар таваҷҷуҳи баланди байналмилалиро ба Раванди оби Душанбе ва эътирофи онро ҳамчун платформаи муҳими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои Конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардид, инчунин Хулосаи ҳамраисон ва саҳми Раванди оби Душанбе дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2026 омода ва пешниҳод хоҳанд шуд.
Ин санадҳо тавсияҳои калидӣ ва роҳнамоии амалӣ доранд, ки ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, пешбурди шарикӣ ва суръат бахшидани иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи захираҳои об равона шудаанд.
«Мо мутмаинем, ки натиҷаҳои Конфронс ба татбиқи минбаъдаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», инчунин раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 ва Конфронси ҷамъбастии соли 2028 саҳми назаррас хоҳанд гузошт», — изҳор дошт Сарвазири мамлакат.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад






