РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи телевизионии «Abu Dhabi TV» бо мақсади муаррифии ҳадафҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузориши махсус пахш намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, дар гузориши телевизионӣ аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши обу иқлим, иттилоотии махсус аз натиҷаи нишасти матбуотӣ, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Абу Забӣ баргузор гардид, шарҳ дода шуд.
Бояд таъкид намуд, ки «Abu Dhabi TV» яке аз сербинандатарин шабакаҳои телевизионии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷро ташкил медиҳад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






