РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд

Май 27, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Раванди оби Душанбе доир шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар толори асосии маҷмааи «Кохи Сомон» таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии тадорукоти конфронс Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Тсзюнхуа баргузор гардид.

Чорабинӣ ба минбари асосии натиҷагирӣ аз муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об табдил ёфт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид тайи солҳои зиёд рӯзномаи обро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона пеш мебарад. Таъкид гардид, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули меъмории глобалии дипломатияи об, аз ҷумла қабули даҳсолаҳои байналмилалии об ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо нақши муҳим гузоштаанд.

Дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастӣ гузоришҳои нишастҳои мавзуӣ оид ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба об ва беҳдошт, таҳкими устувории иқлимӣ, рушди ҳамкории фаромарзӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба зерсохтори об ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об пешниҳод гардиданд.

Нишасти мавзуии «Об барои инсон» ба масъалаҳои татбиқи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бахшида шуд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки норасоии оби бехатар ва шароити ибтидоии беҳдошт ҳамоно ба саломатии аҳолӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии бисёр кишварҳои ҷаҳон таъсир мерасонад.

Дар доираи нишасти «Об барои шукуфоӣ» иштирокчиён нақши захираҳои обро дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, инчунин гузариш ба иқтисоди «сабз» баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба идоракунии самараноки захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ равона гардид.

Нишасти «Об барои сайёра» ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, муҳофизати экосистемаҳо ва таҳкими устуворӣ ба хатарҳои иқлимӣ бахшида шуд. Иштирокчиён аҳамияти ҳамкории байналмилалиро дар самти ҳифзи пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби ширин ба шумор мераванд, муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар муҳокимаҳо оид ба мавзуи «Об барои ҳамкорӣ» таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои идоракунии фаромарзии захираҳои об, такмили механизмҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ равона гардид. Таъкид шуд, ки дипломатияи об ба воситаи муҳими таъмини рушди устувор ва таҳкими эътимод миёни давлатҳо табдил меёбад.

Нишасти мавзуӣ оид ба равандҳои бисёрҷониба ба муҳокимаи омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об ва пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 бахшида шуд.

Дар ҷаласаи машваратӣ оид ба сармоягузорӣ ба захираҳои об масъалаҳои маблағгузории зерсохтори об, ҷалби сармояи хусусӣ ва татбиқи механизмҳои инноватсионии маблағгузорӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, бахусус давлатҳои маҳрум аз баҳр, баррасӣ гардиданд.


Дар доираи конфронс ҳамчунин натиҷаҳои нишастҳои махсуси панелӣ оид ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи захираҳои об, дурнамои ташаккули рӯзномаи нави ҷаҳонӣ баъд аз соли 2030 ва муайян намудани самтҳои мавзуӣ барои Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2028 муаррифӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи алоҳида дар барномаи конфронс ба форумҳои сатҳи баланд дода шуд. Аз ҷумла, Форуми оби Африқо ба пешбурди сиёсати обии қора то соли 2063 бахшида шуда, Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиряхҳо ва криосфера масъалаҳои мониторинг ва пешгӯии таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби минтақаро баррасӣ намуд.

Дар Форуми ҷавонони Душанбе оид ба об масъалаи иштироки ҷавонон дар пешбурди идоракунии устувори захираҳои об ва рӯзномаи иқлим муҳокима гардид. Ҳамчунин, дар форуми низомҳои озуқаворӣ мушкилоти норасоии ҷаҳонии об барои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баррасӣ шуданд.

Иштирокчиён ба дурнамои ҳамкории фаромарзӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рушди равиши «об – энергетика – озуқаворӣ – экология», инчунин густариши ҳамкории Ҷануб–Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба таваҷҷуҳи назаррас зоҳир намуданд.

Аз ҷумлаи самтҳои бештар муҳокимашуда масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахши об, идоракунии хатарҳои обиву иқлимӣ, мониторинги рақамӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар соҳаи захираҳои об буданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои конфронс санадҳои ҷамъбастӣ пешниҳод гардиданд, ки тавсияҳоро оид ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии об таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид дар бар мегиранд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»
Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Тоҷикистон ва СММ омодагиро барои баррасии ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об дар соли 2028 оғоз намуданд
Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»
Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самти инноватсия ва зеҳни сунъӣ густариш меёбад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд