РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Устувории низомҳои озуқаворӣ дар давраи камбуди ҷаҳонии об дар Душанбе баррасӣ гардид

Май 25, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон зиёда аз ду миллиард аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар дастрасии кофӣ надорад ва то соли 2050 талабот ба захираҳои обӣ метавонад беш аз 30 фоиз афзоиш ёбад. Инчунин зиёда аз 70 фоизи захираҳои обҳои ширини ҷаҳон дар соҳаи кишоварзӣ истифода шуда, тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои обӣ ба амнияти озуқавории миллионҳо нафар аҳолии ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин нукта дар «Форуми таъмини устувори низомҳои озуқаворӣ дар давраи камбуди ҷаҳонии об», ки дар доираи Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 25 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба ташаббусҳои глобалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо сухан намуда, баргузории «Форуми таъмини устувори низомҳои озуқаворӣ дар давраи камбуди ҷаҳонии об»-ро воситаи муҳим дар самти таҳкими ҳамкории кишварҳои ҷаҳон дар таъмини озуқаворӣ дар шароити камбуди об арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои об ҷомеаи ҷаҳониро ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави идоракунии самараноки захираҳои табиӣ водор сохта, зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳоро бештар менамояд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Дар форум Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки масъалаи истифодаи самараноки захираҳои об ва таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти масъалаҳои обу иқлим ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои созандаро пешниҳод намуда, дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт саҳми назаррас мегузорад.

Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Тшилидзи Марвала, ки ҳамзамон муовини Дабири кулли СММ мебошад, аз ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим ҳамчун иқдомҳои ибратбахш ва дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» барои муттаҳид намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Иштирокдорони форум масъалаҳои марбут ба таъмини низомҳои устувори озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалиро баррасӣ намуда, доир ба татбиқи технологияҳои муосир ва рушди иқтисоди «сабз» табодули афкор намуданд.

Дар анҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд барои таҳкими ҳамкории илмӣ, густариши муколамаи байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами обу иқлим аҳаммияти муҳим дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад