РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дар партави ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳо оид ба захираҳои об ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии рушди устувор Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паём ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар паём аҳамияти об ҳамчун асоси ҳаёт, рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика ва шукуфоии иқтисодӣ таъкид гардид. Ҳамзамон ба зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ишора карда шуд.
«Ғамхорӣ нисбат ба об — ғамхорӣ баҳри ояндаи муштараки мост», — таъкид гардид дар паём.
Вазири корҳои хориҷӣ маротибаи дигар ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро даъват намуд, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе иштирок намоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






