РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд

Май 14, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/ . «То имрӯз зиёда аз 110 ҳайати расмӣ аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ ва дигар ҷонибҳои даъватшуда иштирокашонро дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 май дар Душанбе баргузор мегардад, тасдиқ намудаанд», — иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Cаноӣ Бойзода.

Ин ҷараёни бомароми омодагӣ ва таваҷҷуҳи васеи байналмилалӣ бори дигар аҳамияти ҷаҳонӣ ва мақоми баланди Конфронси чоруми Раванди оби Душанберо нишон медиҳад.

Конфронси мазкур ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти мудирияти устувори захираҳои об, муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди дипломатияи об хизмат менамояд.

Ҳамзамон он ба муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус Ҳадафи 6-ум, инчунин таҳияи роҳҳои ҳалли муштарак барои рафъи мушкилоти глобалии вобаста ба об мусоидат мекунад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои конфронс дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт саҳми назаррас гузоранд.

Тавре маълум аст, Конфронси Душанбе ҳамчун яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мегардад, хизмат хоҳад кард.

Ҳамзамон сегменти дуюми мавзуии конфронс ба машваратҳои аввалини ғайрирасмии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 бахшида шуда, сегменти сеюм  ба мубодилаи аввалини ғайрирасмии мулоҳизаҳо оид ба нақши об дар Рӯзномаи рушди баъд аз соли 2030 бахшида мешавад.

Дар ин замина ҷамъоварии пешниҳодҳо ва андешаҳои иштирокчиён барои оғоз ва ташаккули омодагиҳои минбаъда барои баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе аҳаммияти муҳим хоҳад дошт.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид