Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷалби маблағҳо барои идомаи бунёди яке аз иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон- Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масато Канда баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқот дар доираи ҷаласаи солонаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд, ки 4 май дар шаҳри Самарқанд доир шуд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, ки зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масато Канда моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд, зоҳир намуданд.
Мусоҳибон инчунин ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак ва имконияти ҷалби захираҳои молиявӣ ва техникии бонкро барои коҳиш додани таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисодиёти мамлакат ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва барқарорсозии инфрасохтор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки аз соли 1998 то имрӯз Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст, ки беш аз 2,0 миллиард доллари амрикоии он грант мебошад.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 931,7 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ, экология, ҳолатҳои фавқулода ва сайёҳӣ амалӣ мегардад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






