Раванди татбиқи лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» ва «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ шуд

Май 28, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» (CASP+) ва «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва директори барномаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Роберто Лонго баррасӣ  шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.

Баҳодур Шерализода саҳми назарраси лоиҳаҳои аз ҷониби фонд маблағгузоришавандаро дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, инчунин бунёду барқарорсозии ҷангалзор таъкид намуд.

Ҳамчунин масъалаҳои ҷалби бештари маблағгузории иқлимӣ барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки Созишномаи маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи нави «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ дар соҳаи чорводорӣ» ба имзо расид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории мавҷуда таъкид карданд, ки имконот барои ҷалби бештари маблағгузории иқлимӣ ҳанӯз ҳам фаровон мебошанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст