Раванди татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид

Май 1, 2026 14:42

ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, амaлҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба рушди иқтисодиёт ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Чунин иброз намуд муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҳамоише, ки дар ин ниҳод баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш кормандони бонк ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми марбут ба «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон оқибатҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо муҳокима гардид.

Бо ишора ба суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд, ки «коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад». Дар ин замина зарурати истифодаи усулҳои муосири пешгирӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни кормандон ва ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши истифодаи воситаҳои электронии пардохт ҳамзамон хавфҳои нав, аз ҷумла қаллобӣ, истифодаи ғайриқонунии кортҳои пардохтӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳар гуна аҳромҳои молиявии фиребанда низ афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин иброз гардид, ки баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷорӣ намудани механизмҳои муассири зиддикоррупсионӣ аз вазифаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва низоми суғурта ба ҳисоб мераванд.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои марҳилаи якуми «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия», нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», иҷрои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва тадбирҳои амалии пешгирии омилҳои коррупсионӣ табодули назар намуданд.

Муқовимат ба коррупсия барои ҳар ниҳоди давлатӣ, бахусус барои низоми бонкӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Зеро шаффофияти амалиёт, риояи қонунгузорӣ ва назорати самараноки дохилӣ заминаи асосии эътимоди ҷомеа ва суботи молиявӣ мебошанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, масъулияти шахсӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна омилҳои коррупсионӣ вазифаҳои муҳимми кормандони низоми бонкӣ ба шумор мераванд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 1, 2026 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд