Равиши ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об дар меҳвари Форуми 7-уми байналмилалӣ дар Душанбе қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Равиши NEXUS дар Осиёи Марказӣ: илм, сиёсат ва амалия» Форуми 7-уми байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Форуми мазкур олимону коршиносони минтақавӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушдро ҷамъ оварда, масъалаҳои марбут ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, рушди устувор ва ҳамкории минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон таъкид намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ таъсири тағйирёбии иқлим, рушди иқтисодӣ ва афзоиши талабот ба об мушкилотро дар байни бахшҳои обёрӣ, гидроэнергетика, таъминоти коммуналӣ ва ниёзҳои гидрогеологӣ бештар гардонидааст.
Директори Маркази ҳалли устувор тавассути гидрогеологияи амалӣ ва ҳамкории илмии Донишгоҳи Варшава Шамми Пури зимни суханронӣ изҳор дошт, ки «имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароите қарор дорад, ки масъалаҳои вобаста ба об, энергетика, амнияти озуқаворӣ ва муҳити зист беш аз ҳар вақти дигар ба ҳам алоқаманданд. Дар чунин вазъ татбиқи равиши муосири NEXUS ё равиши ҳамгироёнаи идоракунии захираҳо аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин раванд нақши илм бисёр муҳим буда, таҳқиқоти илмӣ имкон медиҳанд таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об муайян гардида, барномаҳои истифодаи устувории об ва энергия таҳия карда шаванд».
Шамми Пури саҳми муассисаҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар пешбурди таҳқиқоти илмӣ вобаста ба масъалаҳои об, гидроэнергетика, экология ва тағйирёбии иқлим назаррас арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди аҳамияти калидӣ доштани обҳои зеризаминӣ онҳо ҳанӯз ҳам дар банақшагирӣ ва сиёсати давлатӣ ба таври кофӣ ба назар гирифта намешаванд. Аз ин рӯ, форум ба масъалаи идоракунии муштараки обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ дар доираи равиши NEXUS дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Ҳамзамон иштирокдорони форум изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ на танҳо муҳокимаи техникӣ, балки майдони муҳими гуфтугӯ оид ба идоракунӣ, ҳамкории минтақавӣ, нақши ниҳодҳои маблағгузор, мубодилаи дониш ва саҳми насли оянда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе аз 25 то 28 майи соли 2026 мизбони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ мебошад.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад






