«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад

Май 30, 2026 10:59

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» («Саёҳат тавассути автобусҳои сурх») оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба муносибати оғози мавсим шоми имрӯз сайру саёҳат тавассути автобусҳои дуқабата барои сокинон ва меҳмонони пойтахт ба таври ройгон ташкил карда мешавад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «King Tour» ва «Somon Travel» амалӣ мегардад.

Ҳадаф аз ташкили хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт, фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонон, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди фарҳанги сайёҳӣ дар шаҳр мебошад.

Дар доираи ин барнома иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷолиби диққати шаҳри Душанбе шинос шуда, аз роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оид ба таърих, фарҳанг ва имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал мегиранд. Ҳамзамон барои болидахотирии меҳмонон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ низ пешниҳод карда мешаванд.

Рӯзи ифтитоҳ ҷамъшавӣ барои иштирокчиёни хатсайри аввал соати 19:00 дар назди «Шаршара»-и Муассисаи давлатии «Боғи Наврӯзгоҳ» ва барои иштирокчиёни хатсайри дуюм соати 19:00 дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва) муайян карда шудааст.

Мавсими нави «Red Bus Tours» то моҳи октябри соли 2026 идома ёфта, дар марҳилаи аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд вобаста ба талаботи сайёҳон ҳамарӯза ташкил карда мешавад. Дар доираи лоиҳа ҳамчунин хатсайри сайёҳии Душанбе — Ҳисор низ фаъолият намуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе хизмат мерасонад.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар хатсайрҳои ройгон тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тавассути ширкатҳои сайёҳии «King Tour» ва «Somon Travel» номнавис шаванд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Red Bus Tours» аз соли 2024 амал намуда, ба яке аз барномаҳои маъруфи сайёҳии пойтахт табдил ёфтааст.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 30, 2026 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид