«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд

Май 2, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Робиаи Балхӣ — нобиғаи шеъри форсии тоҷикӣ»–таҳти чунин унвон дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 1050-солагии яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик, аввалин шоирзани тоҷикзабон Робиаи Балхӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ медиҳад, ки дар конфронси илмӣ доир ба эҷодиёти шоир ва ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ дар рушди адабиёти классикии тоҷик сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки Робиаи Балхӣ нахустин зани шоири тоҷикзабон мебошад, ки дар тазкираҳои адабӣ аз ӯ бо эҳтиром ёд кардаанд. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зеҳни тез ва қудрати шоирӣ ба забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва дарию арабӣ машҳур буд. Робиа дар муҳите ба воя расид, ки илму адаб қадр дошт. Бо таваҷҷуҳи падари хирадмандаш ӯ таълими хуб гирифт ва дар забони тоҷикӣ ва санъати шеър ба дараҷаи баланди камол расид. Табъи шоирона, ҳисси зебоӣ ва ҷаҳонбинии фарохи ӯ боиси он гардид, ки ашъораш аз садоқат, эҳсос ва покдилии занона пур бошад.

Дар конфронс таъкид шуд, ки Робиаи Балхӣ нахустин шоири тоҷикзабони ҳамдавр бо аҳди Сомониён ва Абуабдуллои Рӯдакӣ мебошад. Робиа беш аз ҳазор сол пеш дар шаҳри Балх, дар оилаи бонуфуз ба дунё омада будааст. Балх он замон маркази бузурги илму фарҳанг ва мактабу андешаҳои гуногун буда, Робиа дар он муҳит бо забонҳои тоҷикию арабӣ шеър сурудааст.

Дар конфронс ҳамзамон ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи ҷолиби адабӣ- бадеиро аз эҷодиёти Робиаи Балхӣ пешкаши аҳли нишаст намуданд.

Дар анҷоми конфронс 21 нафар ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Май 2, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад