РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад

Май 31, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод  сохтмони корхонаи истеҳсолӣ — фабрикаи мурғпарварӣ идома дошта, баъди ба кор даромадани корхона дар он 25 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад.

Дар ноҳия бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бо мақсади истеҳсоли гӯшти хушсифати парҳезӣ фабрикаи мурғпарварӣ сохта мешавад. Зеро парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад.

Дар асоси лоиҳа ин бино аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ талаботи рӯз буда, чунин фабрикаҳо бояд дар дигар минтақаҳои ноҳия низ ташкил карда шаванд. Ба ин восита  дар мамлакат барои аҳолӣ ҷойи нави кор таъсис  дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Май 31, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст