РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад

Май 9, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бунёди марҳилаи дуюми  корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис бомаром идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди марҳилаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва миси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»,  яке аз иқдомҳои муҳиму судманд дар самти саноатикунонии кишвар   маҳсуб меёбад.

Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз намуд, ки қисми зиёди корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюм анҷом ёфта, хатҳои технологӣ ва таҷҳизоти зарурӣ насб гардидаанд.

Тибқи нақша, дар ин корхона истеҳсоли сурби электролизӣ, нуқраи электролизӣ, штейни мис ва дар маҷмӯъ панҷ намуди маҳсулот ба роҳ монда мешавад. Корхонаи металлургии шаҳр аз ҷумлаи бузургтарин корхонаҳои саноати кӯҳӣ ба ҳисоб рафта, марҳилаи аввали он қаблан бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Айни замон дар корхона истеҳсоли маҳсулот ҷараён дошта, дар он бештар мутахассисони ватанӣ фаъолият мебаранд. Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм ҳаҷми истеҳсолот афзуда, шумораи ҷойҳои корӣ то 500 нафар расонида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 9, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд