САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд

Май 30, 2026 08:21

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 30 май бахшида 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта- рӯзҳои шанбе таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» иқдоми шаҳрии ҷавонон доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар пойтахт аз соати 07:00 то 10:00 баргузор гардида, дар доираи он ҷавонон кӯчаю хиёбон, боғу гулгашт, атрофи бино, хобгоҳҳо, иншооти ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишии пойтахтро тоза менамоянд.

Иқдоми мазкур дар доираи супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Клуби «Волонтёрони экологӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур  тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе,  пайравии ҷавонони пойтахт аз ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Дар ин ташаббуси экологӣ иштироки дастҷамъонаи ҷавонони касбу кори гуногун ва корхонаву муассисаҳои ҳудуди пойтахт дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони  соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, варзиш, истиқоматкунандагони хобгоҳҳо зимни ин иқдом кӯчаву гулгашт, боғҳо, каналу ҷӯйбор, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ, бемористон ва оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанберо тоза менамоянд.

Иқдоми мазкур ҳамзамон ба хотири тарбияи хуб, рӯ овардани ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба қадри моликияти ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 30, 2026 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд