Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 то 14 май ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатӣ анҷом доданд. Ин сафари давлатӣ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, хусусан буҳронҳои бузурги иқтисодию тиҷоратӣ ва пешрафти бесобиқаи технологияи рақамӣ доир гардид ва бо натиҷаҳои ниҳоят арзишманд барои кишвари мо анҷом ёфт.
11 май сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маросими истиқболи расмӣ аз ҷониби роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи баланд ва тибқи муқаррароти ташрифоти давлатӣ истиқбол гирифтанд.
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин ва кӯчаю хиёбонҳои пойтахти ин кишвари бузург бо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин ва аксҳои таранумгари дӯстию самимияти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин оро ёфта буд.
Маросими истиқбол дар фурудгоҳ ва тадбирҳои дигари омодагиҳои ҷониби Чин ба истиқболи ин сафари таърихию давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯйи он буданд, ки ҳамсоякишвари бузург ба муҳимияти ин сафари давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад.
Дар рӯзи якуми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) хонум Тсзоу Ҷиайи мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахши Тоҷикистон бо ин бонк баррасӣ гардида, саҳми он дар пешбурди лоиҳаҳои муҳими зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ шуд.
Муҳимияти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз”, кишоварзӣ ва татбиқи якчанд лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ дар Тоҷикистон, ки ҳаҷми умумии маблағгузории онҳо аз ҷониби бонк 400 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, таъкид карда шуд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) хонум Тсзоу Ҷиайи Нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро имзо намуданд. Барои татбиқи он ин бонк ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллари амрикоиро пешбинӣ намудааст.
Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ яке аз ташкилоти бонуфузи байналмилалии молиявӣ буда, 57 давлати аъзо дорад ва Тоҷикистон аз соли 2015 аъзои ин бонк мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи феврали соли равон Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Тсзоу Ҷиайи ба Тоҷикистон ташриф оварда буд ва 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонум Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни ин вохӯрӣ масоили татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳо дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) хонум Тсзоу Ҷиайи дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошта буд, ки аз суръати рушд ва корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон таассуроти хуб гирифтааст ва таъкид бар он дошт, ки Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ нақша дорад, ки ҷузъи ҷудонашавандаи раванди рушди Тоҷикистон гардад.
Бегоҳии рӯзи нахустини сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони корхонаҳо ва ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Дар ин вохӯрӣ таваҷҷуҳи доираи соҳибкорию тиҷоратии Чин ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имконоти фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаю таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб карда шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии Тоҷикистон дар ин раванд номида, иброз доштанд, ки ду кишвар дар соҳаи гардиши тиҷоратӣ нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ доранд.
Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон қариб ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ барои ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон таъкид гардид, ки соли гузашта дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав қабул шуд ва воситаи муосири дастгирии сармоягузорон, кафолатҳои иловагии ҳуқуқии ҳифзи сармоя, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва таҳкимбахши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мебошад.
Оид ба дигар имконияти ҷалби сармоя андешаронӣ намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва татбиқи тарҳҳои коммуникатсиониро дар кишвари мо барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор номиданд.
Таъкид карда шуд, ки соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5 фоизи он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд.
Аз бартариҳои кишвар барои сармоягузорӣ ёдовар шуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Дар баробари ин, дар кишвари мо захираҳои фаровони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои нодиру муҳим ва металлҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим, ба монанди тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам кашф шудаанд.
Ташаккули долонҳои муосири нақлиётию иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои пайванди Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Ховари Миёна омили дигари рушди ҳамкорӣ бо кишвари Чини ҳамсоя маънидод гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои кишвари Чинро ба рушди иқтисоди “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва технологияҳои муосир дар Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Дар соҳаи саноат имконияти васеи кишвар барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия, саноати кимиё ва дорусозӣ, инчунин саноати сабук муаррифӣ гардид. Ташкили занҷираҳои пурраи арзиши иловашуда ва рушди коркарди амиқи ашёи хом дар дохили кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон номида шуд.
Дар комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза самти муҳими рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон унвон карда шуд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои Чинро ба зарурат ва аҳамияти таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ҷалб намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба масъалаҳои вобаста ба рақамикунонӣ, рушди зеҳни сунъӣ, фаъолияти панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, ки барои рушди муваффақонаи соҳибкорӣ ва тиҷорат шароиту имконияти васеъ ва мусоид пешниҳод мекунанд, андешаронӣ намуданд.
Имконоти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла табиати беназир, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои таърихӣ, шаҳрҳои бостонӣ барои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фарҳангӣ низ таъкид гардиданд.
Муҳимтар аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муаррифии фазои мусоиди иқтисодӣ ва имконияти фарохи Тоҷикистон ширкатҳои Чинро ба ҳамкории фаъол ва ворид шудан ба иқтисоди рӯ ба рушди кишвари мо даъват намуданд.
Дар мулоқот Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао, Раиси Кумитаи мусоидат ба рушди савдои байналмилалии Чин Рен Хонбин ва роҳбарону намояндагони якчанд корхонаву ширкатҳои азими Чин, ки дорои нуфузи ҷаҳонӣ мебошанд, сухан гуфта, андешаҳо ва таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар доираи баргузории сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот ва гуфтушунидҳои байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд, ба имзо расид.
Доираи тиҷоратию соҳибкории Чин, аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони баландмақоми корхонаҳо ва ширкатҳои азими Чин аз имконияти дидор ва мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудию миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд бо ҷониби Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ ҳамкорӣ намоянд.
Аз ҷумла, Раиси Шурои директорони ширкати «ZyF Holding»-и шаҳри Сучжоуи музофоти Ҷянсуи Чин Гонг Чанг Уи изҳор дошт, ки байни ширкат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Тибқи онҳо, ояндаи наздик сохтмони корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва коркарди масолеҳи алюминий оғоз мегардад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба ин лоиҳа тақрибан 80 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Гонг Чанг Уи гуфт, ки чанде пеш ҳайати холдинг ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, бо имконияти иқтисодӣ ва фазои сармоягузории кишвар шинос шуд. Ба иттилои ӯ, таваҷҷуҳи ширкатро пешрафти босуръати Тоҷикистон дар солҳои охир ва сиёсати пайгиронаи дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҷалб намудааст.
Таъкид гардид, ки ҷониби Чин омода аст дар рушди саноат ва иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, ҳамкории дуҷонибаро минбаъд низ густариш диҳад.
Муассис ва роҳбари ширкати машваратии тиҷоратии «Huahe International»-и Чин Лю Чуану низ барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои ҷалби сармоягузорӣ, машварати тиҷоратӣ, ҳамкории байниминтақавӣ ва ташкили намоишгоҳҳо изҳори омодагӣ намуд.
Лю Чуану гуфт, ки ширкати онҳо солҳои зиёд бо шарикони тоҷик, аз ҷумла «Тоҷинвест» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
«Самти асосии фаъолияти ширкат сармоягузорӣ, машварати тиҷоратӣ ва мусоидат ба ҳамкории байниминтақавӣ мебошад. Мо намоишгоҳҳо баргузор менамоем ва чанде пеш дар Тоҷикистон низ намоишгоҳи бузурги молҳои Чинро ташкил карда будем. Ҳамасола ҳайатҳои гуногунро ба Тоҷикистон мефиристем ва минбаъд низ баргузории форумҳо, намоишгоҳҳо ва сафарҳои кориро идома медиҳем», — тазаккур дод роҳбари ширкати машваратии тиҷоратии «Huahe International».
Таъкид гардид, ки ширкат ба дастгирии касбии сармоягузорони чинӣ барои вуруди бехатар ва самаранок ба бозори Тоҷикистон ва ҳамчунин густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса дорад ва минбаъд низ ба рушди ҳамкории мутақобили судманд байни ду давлат мусоидат менамояд.
Раиси Шурои директорони ширкати «TBEA Company Limited» Хуан Бо изҳор дошт, ки ин ширкат тасмим гирифтааст фаъолияти сармоягузориашро дар Тоҷикистон густариш дода, ҳаҷми лоиҳаҳоро дар соҳаҳои энергетика ва саноат афзоиш диҳад.
Хуан Бо таъкид намуд, ки «TBEA Company Limited» аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба дарёфт намуд.
Ба иттилои ӯ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин ба ширкат боварии иловагӣ бахшида, барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад.
«Мо минбаъд низ таҳти роҳбарии муҳтарам Президент ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятамонро васеъ намуда, ҷойи нави кор таъсис медиҳем ва дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузорем», — таъкид кард раиси Шурои директорони «TBEA Company Limited».
Ҳамчунин изҳор гардид, ки мулоқоту музокироти роҳбарони ду давлат ба дастёбии натиҷаҳои нави амалӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Чин мусоидат менамояд. Ширкат омода аст сармоягузориро дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика ва саноат фаъолтар намояд.
Дар соҳаи энергетика роҳбари Шурои директорони ширкати «Watcher Capital»-и Чин Гао Феи изҳор дошт, ки ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги сохтмони неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ, инчунин инфрасохтори энергетикиро ба маблағи тақрибан 1,5 миллиард доллар амалӣ менамояд.
Гао Феи гуфт, ки 11 май байни «Watcher Capital» ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ширкат аллакай ба корҳои омодагӣ барои сохтмони неругоҳҳои бодӣ бо иқтидори умумии 2 гигаватт оғоз намуд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба ин самт тақрибан 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки корҳои ибтидоӣ барои сохтмони зеристгоҳи барқии 500-киловолта ва хати интиқоли барқ бо дарозии 400 километр идома доранд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ба он тақрибан 560 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
«Ширкат ҳамзамон лоиҳаи неругоҳи офтобиро бо иқтидори 2 гигаватт низ татбиқ мекунад ва имзои тамоми санадҳои зарурӣ то охири сол ба анҷом расида, баъдан корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд», — илова намуд роҳбари Шурои директорони ширкати «Watcher Capital».
Гао Феи таъкид кард, ки баъди ба истифода додани ин иншоот ҳаҷми истеҳсоли солонаи неруи барқ то ба 5 миллиард киловатт-соат расида, ба коҳиши камбуди барқ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки зеристгоҳ ва хати баландшиддат ҳамчун долони муҳими энергетикӣ барои интиқоли неруи барқ байни минтақаҳои мамлакат хизмат намуда, дар таҳкими низоми энергетикӣ саҳми назаррас мегузорад.
Роҳбари ширкати «Shandong Tianhong Technology»-и Чин Мяо Шэнлян иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи истеҳсоли мошинҳои боркаши вазнин ва ядакҳо бо ҷалби ширкат дар назар аст.
Таъкид гардид, ки дар марҳилаи аввал таъсиси корхонаи васлкунии мошинҳои боркаши вазнин дар Тоҷикистон дар асоси маҷмааҳои KD пешбинӣ гардида, баъдан гузариш ба истеҳсоли пурраи онҳо дар назар аст.
Ҳамзамон тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ядакҳо низ марҳила ба марҳила истеҳсол карда мешаванд. Қисме аз ҷузъҳо ва нимтайёрҳо аз Чин ворид гардида, барои васлкунӣ дар қаламрави Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд. Дар баробари ин якчанд раванди истеҳсолӣ дар дохили ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.
Роҳбари ширкат таъкид кард, ки татбиқи ин лоиҳа ба рушди соҳаи саноат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари ширкати «Шандун Шиҷиа билдинг»-и Чин Маҷиан Ли низ нақшаи татбиқи лоиҳаи бузурги сохтмони маҷмааи муосири истиқоматиро дар Тоҷикистон эълон намуд. Лоиҳа дар асоси меъмории муосири чинӣ амалӣ гардида, ба фароҳам овардани муҳити бароҳат ва ободу замонавӣ барои зиндагии сокинон равона шудааст.
Маҷиан Ли изҳор дошт, ки ширкати «Шандун Шиҷиа билдинг» тасмим гирифтааст тақрибан 150 миллион долларро барои сохтмони маҷмааи истиқоматии элитӣ бо масоҳати 500 ҳазор метри мураббаъ сармоягузорӣ намояд.
Ба иттилои ӯ, дар таркиби маҷмаа таваққуфгоҳҳо, кӯдакистон, мактаб, муассисаи тиббӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.
Маҷиан Ли таъкид кард, ки маҷмаа барои тақрибан 10 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, шароити муосиру мусоиди зиндагиро таъмин менамояд.
Ӯ афзуд, ки татбиқи ин лоиҳа ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Чин мусоидат мекунад.
Дар баробари анҷом додани мулоқот бо доираи соҳибкорию тиҷоратӣ, сармоягузорон ва роҳбарони корхонаҳои азими Чин бо истифода аз имконоти мусоид дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчин ба ду корхонаи азими истеҳсолӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
13 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчин бо фаъолияти истеҳсолии корхонаи саноатии «Серес» шинос шуданд.
Дар ин корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидор, самти фаъолият ва маҳсулоти корхонаи саноатии “Серес”, аз ҷумла мошинҳои сабукрави “Хуавей Аито” маълумот дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкат аз якчанд корхонаи калони истеҳсолӣ иборат буда, танҳо дар як коргоҳи мошинбарорӣ 1500 мутахассис фаъолият мекунад.


Тибқи маълумоти масъулини корхона дар истеҳсолот технологияи зеҳни сунъӣ истифода гардида, истеҳсоли мошин ва сифати маҳсулот тавассути зеҳни сунъӣ идора ва назорат карда мешавад.
Баъди боздид аз корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаи саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.
Бегоҳии ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин бо фаъолияти ширкати калони саноатии “Зонгшен” дар самти истеҳсоли навъу намудҳои гуногуни техникаи сабуку вазнин, мототсиклҳо, дучархаҳои варзишӣ, муҳаррикҳо, мошинҳои хурду калони кишоварзӣ, авиатсионӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои мухталиф шинос шуданд.
Намояндагони ширкат ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси хатҳои муосири истеҳсолӣ, иқтидору имконияти корхона ва нақшаҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои олам маълумот доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи Зонгшен (Zonsen) яке аз ширкатҳои пешсафи Чин дар соҳаи мошинсозӣ буда, маҳсулоташ ба даҳҳо кишвари ҷаҳон содирот мешавад.
Дар корхона дар як сол 20 миллион муҳаррики гуногун истеҳсол карда мешавад, ки 60 дар сади он ба содирот нигаронида мешавад.

Зимни шиносоӣ бо иқтидори корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти имконияти бузурги Тоҷикистон аҳамияти ҷалби сармояи Чин ва истифодаи технологияҳои муосирро дар рушди саноати кишварамон таъкид намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак ва ташкили истеҳсолоти саноатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, аҳамияти он барои рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойи нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир таъкид карда шуд.
Субҳи 12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро “яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ” номида, иброз доштанд, ки «мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем».
Рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун «заминаи устувори шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар давраи нав» арзёбӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол намуданд.
Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати “сабз”, рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд.
Тавре таъкид гардид, Чин барои Тоҷикистон кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад.
Соли 2025 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи қариб 46 фоиз афзоиш ёфта, сармоягузории Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007–2024 қариб ба 6 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад.
Фаъолияти босамари беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ далели равшани сатҳи баланди эътимоди доираҳои соҳибкории ду кишвар ба ҳамдигар номида шуд.
Гуфта шуд, ки сармоягузории Чин дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, ҳамчунин дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи чинӣ барои татбиқи тарҳу барномаҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рушди иқтисод, энергетика ва саноати “сабз” низ манфиатдор аст.
Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, ба мисли энергетика, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии ду кишвар дар Тоҷикистон, ҳамчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак доир гардид.
Аз ҷумлаи дигар чорабиниҳои муҳими сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ин сарфароз гардидани Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин мебошад.



Тавре Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин баъдан дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин изҳор намуданд, унвони фахрии профессори фахрии Донишгоҳи Пекин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар таҳкими шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон дар давраи нав дода шуда, нишони олии эҳтирому дӯстии амиқи мардуми Чин нисбат ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми миллати тоҷик аст.
12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчанбаргузорӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги ғанию бостонии мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Чин ва поси хотираи шаҳидон дар Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ” ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, нахуст бо ректори ин Донишгоҳ Гун Сихуан мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳоло қариб 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии Чин изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Фаъолияти самараноки марказҳои Конфутсий ва маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии “Коргоҳи Любан” дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ гардид.
Тавсеаи робитаҳо дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин идомаи робитаҳо дар бахши тарҷума ва нашри осори илмӣ ва таърихиву фарҳангӣ, афзоиши шумораи бурсияҳои таълимӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Раёсати донишгоҳ бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки ҳар сол барои донишҷӯёни тоҷик 10 бурсия ҷудо намояд.
Сипас дар толори маҷлисии Донишгоҳи Пекин маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин баргузор гардид.
Бо қарори Шурои илмию таълимии Донишгоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва бахусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар дар бораи дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ, ки толибилмони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ба таҳсил фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро бомуваффақият хатм карда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бар пояи усули хоси “дарҳои кушода” сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро ба роҳ монда, бемайлон пеш мебарем.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ барпо намудааст, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо- Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин аз ибтидо масири рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор доранд. Онҳо фарогири ҳамкории мустаҳками сиёсиву амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошанд.
Пешвои миллат ҳамчунин аҳаммияти хоси илму маърифатро дар шароити муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои илму маориф ва рушди неруи инсонӣ, бо назардошти нишондиҳандаҳои таркиби аҳолии кишвар аз рӯйи синну сол ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати мо муайян гардидаанд.
Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо ҳамчунин дар бораи робитаҳои байналмилалии илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ андешаронӣ карда, саҳми онҳоро дар қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни мардумон муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар ин раванд мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чини дӯст дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология, инноватсия ва табодули академӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин соҳаҳоро аз ҷумлаи самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар медонем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ҳамчунин метавонанд тавассути роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ дар бахшҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ мазмуну муҳтавои нав пайдо намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарҷума ва нашри осори илмиву фарҳангӣ ҳамчун воситаи дигари муҳимми наздиксозии мурдумон ибрози андеша намуда, аз ҷумла ба забони чинӣ тарҷума шудани асари донишманди бузурги тоҷик-академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна”-ро намунаи барҷастаи он маънидод карданд.
Омӯзиши сарчашмаҳои бостонии чинӣ оид ба таърихи тоҷикон самти дигари ҳамкории муфиди олимони ду давлат номида шуда, таъкид гардид, ки чунин иқдомоти илмӣ имкон медиҳанд, ки пайвандҳои деринаи маънавию зеҳнии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои муосир ғанӣ гардад.
Хотиррасон мешавем, ки Донишгоҳи Пекин яке аз бузургтарин муассисаҳои олии таълимии Чин ва аз ҷумлаи марказҳои бузурги таҳқиқотии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, таърихи таъсиси беш аз садсола дорад. Донишгоҳ аз 12 факулта иборат буда, дар тобеияти худ 30 коллеҷ дорад. Дар ин муассисаи бузурги таълимӣ аз рӯи 93 ихтисоси бакалаврӣ, 199 ихтисоси магистрӣ ва 173 ихтисоси докторӣ мутахассис тайёр карда мешавад. Донишгоҳ дорои 216 донишкадаи таҳқиқотӣ ва ду маркази илмӣ-муҳандисӣ буда, пайваста дар рӯйхати 20 муассисаи олии таълимии бонуфузи сайёра қарор мегирад.
Нимаи дуюми рӯзи 12 май чорабинии асосии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин –маросими истиқболи расмӣ дар сатҳи баланд ва ниҳоят пуршукуҳ баргузор шуд.
Дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин меҳмони олиқадр Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифтанд. Тибқи муқаррароти сафарҳои сатҳи олӣ расмиёти истиқбол доир гардида, ҷузъу томҳои горди фахрӣ саф оростанд, сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин садо дод ва эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дода шуд.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти азизи худ номида, ба нақши шахсии Пешвои миллат дар таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон баҳои баланд доданд: “Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад.
Имсол 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад.
Ҳамчун шахсе, ки шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистонро дар давраи нав пешбарӣ кардааст, имрӯз ба Шумо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дода шуд. Ин эҳтиром ва дӯстии амиқеро, ки мардуми Чин нисбат ба шумо ва тамоми миллати тоҷик доранд, инъикос мекунад.
Дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ ҷаҳони муосир аз субот дур аст, аммо новобаста аз тағйирот дар муҳити беруна Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва дар руҳияи кумаки мутақобил, эътимод ба ҳамдигар ва рушди муштарак боқӣ мемонанд.
Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо Шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем”.
Ҳамзамон мубодилаи муфассали афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Дар оғози мулоқот Президенти Тоҷикистон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ, пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос карданд.


Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки муносибатҳои ду кишвар имрӯз ба таври самарабахш ва бо суръати баланд дар маҷрои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ рушд меёбанд.
«Ин раванд бозгӯи манфиатҳои мардумони мо, ки робитаҳои мустаҳками дӯстии самимона ва ҳусни ҳамҷаворӣ доранд, мебошад» — таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо изҳори қаноатмандӣ таъкид гардид, ки робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории сармоягузорӣ, саноат, энергетика, бахши аграрӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак пайгирона рушд меёбанд.
Дар ин замина афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои гардиши мол ва ҳаҷми сармоягузории ҷониби Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди ёдоварӣ қарор гирифт.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Чин аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо миёни шарикони иқтисодии хориҷии кишвари мо мақоми пешсафро ишғол менамояд ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо иштироки сармояи ҷониби Чин амал мекунад.
Роҳбари давлати мо аз ҷараёни ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дастгирии Ҳукумати он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳои дорои аҳаммияти стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика ва неруи офтобӣ, ҳамчунин, дар маҷмуи агросаноатӣ муҳим дониста шуд.
Дар ин замина Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба иштироки ширкатҳои Чин дар таъсиси паркҳои саноатӣ ва технологии кишоварзӣ таъкид доштанд.
Дар рафти музокирот, инчунин, масъалаҳои тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва мубодилаи байнимардумӣ муҳокима шуданд.
Таъкид гардид, ки роҳандозии парвозҳои мунтазам дар масири “Душанбе – Сиан” заминаи мусоид барои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самтҳои мазкур фароҳам меорад.
Дар робита ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар Пешвои миллат аз аҳаммияти мубодилаҳои фарҳангиву таҳсилотӣ ёдовар шуданд.
Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд. Вобаста ба ин, ҳавасмандии Тоҷикистон ба зиёд кардани шумораи бурсияҳои таълимии Чин барои ҷавонони тоҷик аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ иброз гардид.
Ба фаъолияти марказҳои Конфутсий ҷиҳати таълими забони чинӣ ва муаррифии фарҳанги Чин дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамкории наздики худро дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” таъкид карда, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳоро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷинояткории киберӣ, гардиши ғайриқонунии ҳама навъҳои маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллиро муҳим донистанд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ ба вазъи хатарзо атрофи Эрон ва қазияи Афғонистон дода шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори устувори ҳалли ҳамаи низоъҳо ва ихтилофот тавассути роҳҳои сулҳомез бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.
Дар робита ба ин аҳаммияти ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оид ба “Идораи глобалӣ” тавассути ташаккули низоми одилонаи байналмилалӣ, ҳамчунин пешниҳоди ҷониби Чин дар бораи таъсиси Созмони миёнҷигарии байналмилалӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми музокироти байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон бо сафари ҷавобӣ даъват карданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Ҳамчунин Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2027-2028, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин барои солҳои 2026-2028, Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи расонидани кумаки техникӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин – Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар асоси эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионии технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ, Нақшаи чорабиниҳо байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои “сабз” барои солҳои 2026–2028, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи содирот байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюро оид ба рушди содироти назди Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Номаҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии таҷдиди инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии Кулма, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин, Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Чин оид ба мусоидати рушди савдои байналмилалӣ дар бораи таъсиси Шурои корӣ, Харитаҳои роҳ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар соҳаи метрология барои солҳои 2026-2031 байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Номаҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайянсозӣ ва назорати сифат дар Тоҷикистон, Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати манзил ва рушди шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба кумаки муштарак дар таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии Тоҷикистону Чин, Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2026-2029, Протоколи ҳусни ният байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гӯшти мурғ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Протокол байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои донакдор (олу ва зардолу) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин, Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Синхуа» оид ба ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин ва Созишнома байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии омузиши забони чинӣ ва Донишгоҳи педагогии Синзян дар бораи рушди муштараки Институти Конфутсий ба имзо расиданд, ки дар оянда метавонанд рушди боз ҳам бештари ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро таъмин намоянд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 11 то 14 май идома ёфт.

Чорабиниҳои асосии ин сафари таърихӣ ва арзишманд дар ду шаҳри бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин доир гардида, дар таърихи муносибатҳои давлатӣ марҳилаи наву умедбахшро боз намуданд.
Тавре таъкид карда шуд, аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Ба санадҳои наву муҳими дигар, ки таҳкимбахши ҳамкории байнидавлатӣ мебошанд — Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ сарони ду кишвар имзо гузоштанд. Барои хизматҳои шоиста дар рушду таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ аз ҷониби Шурои илмии Донишгоҳи Пекин бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони таваҷҷуҳу арҷгузории роҳбарияти олии Чин ба дӯстию ҳамсоягии неку самарабхш бо Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол аст.
Анҷомбахши сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн, шиносоӣ бо намоишгоҳи нақшаи рушди шаҳрсозии Чонгчин ва шоу-намоиши рангини дронҳо буд, ки манзараҳои зебо ва таърихии Тоҷикистону Чин, роҳи Абрешим, меросҳои ғайримоддии ду кишварро дар сатҳи баланд ва бисёр хотирмон тасвир намуданд.
Хотиррасон шудан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои қабл аз сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии “Синхуа”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом дода, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки равобити Тоҷикистону Чин воқеан солҳои охир дар ҳоли рушди босуръат мебошанд. Кишварҳои мо фаъолона дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондаанд.
“Мехоҳам қаноатмандии худро аз сатҳи баланди эътимод, муколамаи ошкоро ва созанда миёни ман ва дӯстам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор намоям. Қобили таъкид аст, ки абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ фаъолияти пурсамар доранд”, — изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА
11-14 майи соли 2026
Душанбе-Пекин-Чонгчин-Душанбе
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»














Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
Нақши Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи дипломатияи об дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Абузабӣ таъкид гардид
Дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон мулоқот намуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии ҳуқуқи рушд баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд






