«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи иштирокдорони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ҳамоиши мазкур Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара»-ро тамошо намуда, бори дигар шоҳиди макони захираҳои об ва соҳиби табиати дилфиребу нотакрор будани Тоҷикистон гардиданд.
Ҳайати меҳмононро нахуст дар ноҳияи Варзоб масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо расми хоси тоҷикона пешвоз гирифта, бо суруду рақс хотирашонро болида сохтанд. Дар маросими пешвозгирӣ иштирокчиён ба анъанаи меҳмондории халқи тоҷик мароқ зоҳир намуда, аз он таассуроти зиёд бардоштанд. Онҳо чунин навъи муносибатро намунаи хуби дипломатияи фарҳангӣ унвон карда, ин равандро замина барои рушди муколамаи байни миллатҳо унвон карданд.
Аснои шиносоӣ бо Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» ҳайати иштирокчиёни Конфронси чоруми оби Душанбе аз зебоиҳои маҷмаа ба ваҷд омада, ба мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтани онро мушоҳида намуданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки «Сафеддара» ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар Тоҷикистон буда, дар километри 57-уми шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Дар маҷмаа инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шудаанд. Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе зимни шиносоӣ бо маҷмаа имкон пайдо карданд, ки аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ армуғони гуногуни ифодакунандаи фарҳанги халқи тоҷикро ҳамчун ёдгорӣ аз Тоҷикистон бо худ гиранд.
Гӯшаи дигаре, ки таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанберо дар маҷмаа ҷалб намуд, ин мавҷудияти боғи ҳайвонот дар ин мавзеи сайёҳӣ мебошад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳо дар назди конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо биёбоншавӣ нақшаву стратегияҳои гуногунро татбиқ менамояд.
Аз ҷумла, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон масоҳати умумии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз 420 ҳазор гектар ба 3,1 миллион гектар расонида шуд. Ин 22 фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳад, ки дар миқёси минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беназир аст.
Ба ҳайати меҳмонон ҳамчунин оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, имконоти мавҷудаи Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафеддара” барои дӯстдорони намудҳои варзиши зимистона ва нақши маҷмаа дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ, иттилоъ дода шуд. Боиси хушнудӣ аст, ки ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон сол то сол зиёд гардида, сайёҳон ба мавзеъҳои нотакрори Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 шаҳри Душанбе мизбони конфронси чоруми оби Душанбе гардид. Ин ҳамоиш марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об маҳсуб мешавад. Дар доираи конфронс иштирокчиён 28 май мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуданд.
Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Варзоб-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид






