Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо намояндагони расонаҳои рақамии «The Gulf Observer» ва «The Europe Today» мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мероси таърихиро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба захираҳои обӣ дар минтақа зоҳир гардид.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат нақши ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об таъкид намуда, доир ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот пешниҳод кард.
Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкории иттилоотӣ ва нақши матбуот дар инъикоси масъалаҳои мубрами экологӣ ва обӣ таъкид гардид.
Дар доираи мулоқот меҳмонон инчунин бо китобхонаи Сафорат шинос шуда, доир ба адабиёти тоҷик, мероси бойи таърихию фарҳангӣ, анъанаю суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки рушди ҳамкории расонаӣ ва табодули иттилоот ба таҳкими бештари робитаҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид






