Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд

Май 6, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов  бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Беранжер Бёлл доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, зимни вохурӣ ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим табодули назар карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар фурсати наздик нишасти матбуотӣ доир ба раванди тадорукот ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (ш. Душанбе, 25-28 майи 2026)-ро бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва коршиносони доираҳои илмию пажӯҳишгарӣ дар шаҳри Абузабӣ ташкил намоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Май 6, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд