Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо Ассамблеяи парлумонии Осиё баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии талошҳо дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии Осиё метавонад ба таҳкими субот, амният ва рушди устувор дар минтақа мусоидат намояд.
Низомиддин Зоҳидӣ аҳамияти рушди ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои обу иқлим ва энергетикаи «сабз»-ро дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии Осиё таъкид намуд. Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзо, мубодилаи таҷриба ва баргузории чорабиниҳои муштараки байнипарлумониро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот омодагии тарафҳо барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории мутақобили судманд дар доираи Ассамблеяи парлумонии Осиё изҳор гардид.
Қобили таъкид аст, ки Ассамблеяи парлумонии Осиё 44 кишвари аъзо ва 12 мамлакати нозирро дар бар мегирад. Дабирхонаи он дар шаҳри Теҳрон қарор дорад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эро








Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд






