Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо донишҷӯёни олмонӣ, ки дар кафедраи таҳқиқоти Осиё ва Африқои факултаи илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин, дар бахши омӯзиши забон ва фарҳанги Осиёи Марказӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, зимни вохӯрӣ аҳаммияти омӯзиши забони тоҷикӣ дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.
Сафир омодагии намояндагии дипломатиро барои густариши ҳамкорӣ дар самти дастгирии раванди омӯзиши забони тоҷикӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ изҳор намуд.
Дар анҷом донишҷӯён аз бинои Сафорат боздид намуда, бо таърих ва мероси фарҳангии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






